Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи  наздик бар асари боришоти шадид дар маҳалҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқи ВМК сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад. Раъду барқ ҳам метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.

Дар ин робита Кумита бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо эҳтиёт кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

“Дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошед, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ наравед”, - хоҳиш мешавад аз аҳолӣ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ дархост мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.