Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ дар асоси стипендияи «Дурахшандагон» то 20 июн тамдид карда шуд. (Пеш аз ин мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо мебоист моҳи май ба охир мерасид).

Тибқи иттилои вазорат, барои дарёфти маълумоти муфассал доир ба ихтисосҳои пешниҳодгардида хоҳишмандон метавонанд ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд.

Инчунин гуфта мешавад, ки барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зарурии зерин пешниҳод карда шавад:

- Ариза (намуна дар марказ пешниҳод мешавад);

- Анкетаи шакли муқарраршуда (дар марказ пешниҳод мешавад);

- Нусхаи шиноснома;

- Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд;

- Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан. Нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор);

- Маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД;

- Маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ;

- Сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан);

- Дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан);

- Реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор);

- Мактуби тавсиявӣ (рекомендательное письмо);

- Маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- Нусхаи шиносномаи падару модар;

- Маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома);

- 4 дона расми ранга 3х4;

- Маълумотномаи дар бораи надоштани доғи судӣ.

Ёдовар мешавем, ки стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба афроди лаёқатманди кишвар барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таъин карда мешавад. Ин стипендия шахсӣ буда, ҳар сол аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа таъсис муқаррар карда мешавад.

Стипендияи «Дурахшандагон» бар асоси номгӯи ихтисосҳое, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба онҳо талабот дорад, дода мешавад. Стипендия аз ҳисоби Фонди махсуси раисҷумҳури Тоҷикистон барои омода кардани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ пардохт мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.