Таҳримҳои зидди Русия ба сифати чораи ҷавобӣ ба муноқишаи ин кишвар бо Украина метавонад ба иқтисоди Русия ва бозори меҳнат таъсири ҷиддӣ расонад. Ин ҷо дар бораи аз даст додани кариб ду миллион ҷойи корӣ ва аз 4,4 фоиз то 7,8 фоиз зиёд шудани сатҳи бекорӣ сухан рондан мумкин аст. Таназзули иқтисоди Русия бошад, ногузир ба даромади муҳоҷироне, ки дар ин кишвар кор мекунанд ва мутаносибан ба вазъи иқтисодии кишварҳояшон таъсир мерасонад.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ба муносибати ҷашни Рӯзи интиқоли маблағ ба оилаҳо, ки ҳамасола 16 июн таҷлил мегардад, чунин изҳори назар кардааст.

"Коҳиши босуръати интиқоли пул аз Русия, бешубҳа, ба иқтисоди кишварҳое, ки ба интиқоли пул такя мекунанд, таъсири манфӣ хоҳад гузошт", - зикр кардааст Ренате Хелд, мудири шуъбаи минтақавии СБМ дар Вена. - Аксари муҳоҷирон хоҳиши дар Русия монданро изҳор кардаанд, аммо агар вазъи иқтисод бад шавад, шумораи бештари одамон ба ватан хоҳанд баргашт".

Ва ин ҷараён аллакай оғоз шудааст. Бино ба маълумоти СБМ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ 60 ҳазор муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва 133 ҳазор аз Ӯзбекистон аз Русия ба ватан баргаштаанд. Ба гумони ғолиб акнун онҳо сафи бекоронро дар ватани худ зиёд мекунанд.

Дар Русия ҳудуди 4 млн нафар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд: 1 млн нафар аз Тоҷикистон ва ҳамин қадар - аз Қирғизистон, тақрибан 2 млн нафар - аз Ӯзбекистон ва 200 ҳазор нафар - аз Қазоқистон. Онҳо асосан дар соҳаҳои сохтмону бахшҳои нақлиёту кишоварзӣ ва хидматрасонӣ, инчунин дар баъзе соҳаҳое, ки ихтисоси бештар баландтарро талаб мекунанд, машғули коранд.

Барои дарки миқёси мушкилот назар андохтан ба рақамҳо кофист: масалан, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон мутаносибан 31% ва 27% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҳар кадоме аз ин кишварҳоро ташкил дода, аксарияти кулли интиқоли пул аз Русия сурат гирифт. Таърихи муштарак, наздикии ҷуғрофӣ, донистани забон, соддагардонии расмиёти маъмурӣ - ҳамаи ин омилҳо Русияро дар назари муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ бештар ҷолиб мегардонад.

Вазъият имрӯз чӣ гуна тағйир меёбад? Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия босуръат коҳиш меёбад: ба Қазоқистон ба андозаи 17%, ба Ӯзбекистон - 21%, Тоҷикистон - 22% ва Қирғизистон - 33%.

Дар паси ин рақамҳо таҳдиди камбизоат шудани бисьёр оилаҳо меистад. Маблағе, ки муҳоҷирони маъмулан аз оилаҳои камбизоат ва аксаран сокинони деҳот ба наздиконашон ирсол мекарданд, ба онҳо кӯмак мекард, ки худро аз камбағалӣ раҳо кунанд.

Масалан, соли 2019 дар Қирғизистон ба туфайли интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон сатҳи камбизоатӣ аз 31,2% то ба 20,1% поин рафт. Имрӯз бошад, Бонки ҷаҳонӣ то 38% болоравии сатҳи камбизоатиро дар Қирғизистон пешгӯӣ мекунад.

Дар СБМ зикр мекунанд, ки пешгӯиҳо метавонанд тағйир ёбанд. Масалан, дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли пул ба Қирғизистон нисбат ба моҳи марти соли гузашта 28% коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи апрели соли ҷорӣ муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ба ватан маблағи рекордии 1,07 млрд доллар фиристодаанд, ки нисбат ба як соли қабл тақрибан ду баробар бештар аст. Аммо Бонки марказии Ӯзбекистон 18-25% коҳиши интиқоли пулро пешбинӣ мекунад.

Дар СБМ ба зарурати доимо пайгирӣ кардани равуои муҳоҷирон ва интиқоли пул, инчунин дастгирии муҳоҷирони баргашта ва наздикони онҳо исрор меварзанд.

Дар назди Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар Маскав
Сурат: РИА Новости

Дар меҳмонӣ ба ҳар ҳол хубтар аст

Вадим Коженов, раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия бовар дорад, ки хуруҷи оммавии коргарони муҳоҷир мушоҳида нашудааст.

"Дар ин самт ҳеҷ тамоюле нест. Ҳамаи воҳимагарон дар моҳи феврал рафтанд ва ҳоло афсӯс мехӯранд, ки барои билет пул сарф кардаанд", - иқтибос овардааст гуфтаҳои ӯро РИА Новости, ки вазъро баррасӣ намудааст.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия
Сурат: СБМ

Дар Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ дар шарҳи ин масъала гуфтаанд, ки мардум дигар роҳ (алтернатива) надорад. Вобаста ба қурби рубл нархҳо дар саросари кишварҳои ИДМ боло рафта, он ҷо дигар ҷойҳои корӣ нест.

"Агар дар паҳлӯи Русия шартан боз як Федератсияи Русияи дуюм мебуд, ки амалиёти махсуси низомӣ намегузаронад ва дар он ҳама чиз ба таври маъмулӣ ҷараён дмедошт, шояд онҳо ба онҷо мерафтанд. Аммо ин хел ҷой вуҷуд надорад", - изҳор доштааст раиси ин ниҳод Ренат Каримов.

Коршинос илова намудааст, ки бархе мехоҳанд ба Кореяи Ҷанубӣ раванд, лекин ба онҳо на бо раводид (виза)-и корӣ, балки бо раводиди сайёҳӣ вурудро иҷоза медиҳанд ва гузашта аз ин, бозори ин кишвар начандон бузург буда, ҷиддӣ назорат мешавад. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб низ вазъият чунин аст.

Дуруст аст, ки бисёре аз муҳоҷирон метавонанд ба корҳои пинҳонӣ гузаранд. Тобистони соли гузашта мақомоти Русия ҷазоҳоро барои муҳоҷироне, ки бар асари пандемия пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшонро барои гирифтани мақоми қонунӣ ба таъхир гузошта буданд, бекор карда, онҳоро барои анҷоми он ташвиқ карданд.  То тирамоҳ қариб як млн нафар хориҷиён мақоми ҳузури худро қонунӣ карданд.

Ҳоло даромад кам шуда, хароҷот бошад, дар ҳамон сатҳ боқӣ монд. Ҳар моҳ барои патент пардохти 5 ҳазор рубл, маълумотномаи тиббӣ - 7-10 ҳазор рубл пардохт кардан лозим буда, бисёриҳоро ба даст кашидан аз он моил мекунад.

Моҳи март узви Шӯрои ҳуқуқи инсон Кирилл Кабанов пешниҳод намуд, ки ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони Русия холӣ карда шаванд. Ӯ мутмаин аст, ки хориҷшудагон омодаанд, ки ба сифати таксирону сохтмончӣ ва боррасон (курйер) кор кунанд. Ӯ вилояти Калугаро мисол овардааст, ки раҳбарияташ ба кор гирифтани муҳоҷиронро дар соҳаи хӯроки умумӣ ва дигар бахшҳо манъ кард.

Лекин дар вилояти Калуга низ ин тадбир ба хориҷшавии оммавии муҳоҷирон боис нагардид.

“Онҳо ҳеҷ ҷое нарафта, танҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ гузаштанд, - гуфтааст раиси Ҳаракати ҷамъиятии минтақавии “Барои ҳуқуқи инсон” дар вилояти Калуга Татяна Котляр. - Як шиносам дар деҳа қаҳвахона дошта, як зани ошпази хуби ӯзбекро бар асари ин манъкуниҳо ба кор гирифта наметавонад”.

Хабаргузории РИА Новости ба Хадамоти федералии амнияти Русия бо дархости пешниҳоди маълумоти дақиқ доир ба касоне, ки аз охири моҳи феврал кишварро тарк кардаанд, муроҷиат намудааст. Аммо коршиносони пурсидашуда ба ин боваранд, ки хабарҳо дар бораи хуруҷи зиёди муҳоҷирон асоси воқеӣ надоранд. Ба ҳар ҳол онхое, ки рафтаанд, бармегарданд, муҳимаш он аст, ки нисбати онҳо маҳдудиятҳои беҳад қатъӣ ҷорӣ нашавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.