То 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, то 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд.

Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.

Ба чоргонаи кишварҳои “пешсаф” аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ тавре ки интизорӣ мерафт, намояндагони Осиёи Марказӣ шомил шудаанд: Ӯзбекистон (+63,4%), Туркманистон (+59,2%) ва Қирғизистон (+47,7%).

Ҳамчунин дар Озарбойҷон (+40%) ва Қазоқистон (+14%), ки дар ин ҷойҳо аксаран мардуми осиёӣ зиндагӣ мекунанд, низ афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи бештар пасти таваллуд дар кишварҳои Прибалтика сабт шудааст, ки давоми соҳибистиқлолӣ ба ин миқдор аҳолиашон кам шудааст: Латвия - 28,3%, Литва - 24,5%), Гурҷистон - 23,2%, Украина - 20%, Арманистон - 15,5%, Эстония -14,7%, Молдова - 12%, Беларус - 7,8% ва Русия - 2,9%.

Тибқи маълумоти Агентии омор, афзоиши шумори аҳолӣ дар 1 сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон тайи 10 соли ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил додааст. Аҳолии сайёра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шудааст.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.