Дар Тоҷикистон мавсими рухсатиҳои тобистона оғоз гардид. Аксарият роҳу воситаҳои осони сафар ба кишварҳои хориҷиро интихоб мекунанд, то ки дар омода кардани ҳуҷҷатҳо душворӣ накашанд.

Бо такя ба маълумоти радабандии шиносномаҳо, бароятон тартибу қоидаҳои сафар ба кишварҳои хориҷиро пешкаш мекунем.

Тибқи маълумоти «Passportindex», тоҷикистониён бидуни таҳияи раводид (виза) ба 21 кишвари ҷаҳон сафар карда метавонанд. Дар 42 давлат бо расидан ба ин ҷойҳо раводид гирифта мешавад. Дар 3 кишвар иҷозатномаи электронӣ талаб шуда, ба 132 кишвар агар раводид надошта бошед, ба вуруд иҷоза намешавад.

Бо кадом кишварҳо реҷаи бе раводид амал мекунад?

Тоҷикистон бо Антигуа ва Барбуда, Арманистон, Озарбойҷон, Барбадос, Беларус, Доминикана, Эквадор, Гамбия, Гурҷистон, Гаити, Қазоқистон, Малайзия, Молдова, Намибия, Фаластин, Филиппин, Русия, Сент-Винсент ва Гренадина, Туркия, Украина ва Ӯзбекистон реҷаи сафари бидуни раводид дорад.

Дар кадом кишварҳо бо расидан ба он ҷо раводид медиҳанд?

Ангола, Бангладеш, Боливия, Бурунди, Камбоҷа, Кабо-Верде, Комори, Конго, Куба, Ҷибути, Эфиопия, Габон, Гвинея, Гвинея-Бисау, Эрон, Ямайка, Урдун, Лаос, Лубнон, Лесото, Мадагаскар, Малави, Малдив, Мавритания, Маврикий, Мозамбик, Непал, Никарагуа, Нигерия, Палау, Руанда, Самоа, Ҷазираҳои Сейшел, Серра-Леоне, Сомали, Судони Ҷанубӣ, Суринам, Тимори Шарқӣ, Того, Тувалу, Уганда, Зимбабве.

Ба кадом кишварҳо барои сафар иҷозатномаи электронӣ талаб мешавад?

Покистон, Кот-д’Ивуар, Шри-Ланка

Кадом кишварҳо барои тоҷикистониён барои гузаронидани рухсатӣ ҷолибанд?

Аксарияти шаҳрвандони мо рухсатиашонро дар дохили кишвар мегузаронанд. Лекин шахсоне ҳам ҳастанд, ки барои дар берун аз ҳудуди кишвар гузаронидани рухсатии худ имкон доранд. Дар ин масъала сатмҳои писандида барои тоҷикистониён – Туркия, Дубай, Ӯзбекистон, Кипр, Малдив ва дигар самтҳо мебошанд.

Зимни ворид шудан ба Туркия ва Дубай ПСР-тест талаб мешавад?

Дар Дубай ба мисли пешин зимни вуруд ПСР-тест талаб шуда, Туркия бошад, аз 1 июн ин талаботро бекор кард.

Дар Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус вуҷуд дорад?

Надорад. Аз 10 июн Ӯзбекистон ҳамаи маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба коронавирус барои вуруд ба Ӯзбекистон бо роҳи ҳавоӣ ва заминиро бекор кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.