Санаи 25 июни соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур кормандони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон  ва хадамотҳои он, ходимони илму адаб, аъзои Шӯрои миллӣ, кормандони Маркази Исмоилия, ҷавонон ва ризокорони ҷамоат ширкат варзиданд. Чорабиниро узви Шӯрои миллӣ Д. Хушқадамов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайра мақдам гуфт ва бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

Сипас сухани ифтитоҳӣ ва табрикотӣ ба Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон сафир Қозидавлат Қоимдодов дода шуд. Намояндаи Ташкилоти Оғохон Қозидавлат Қоимдодов аҳли нишастагон, мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзро аз номи кормандони сохторҳои ташкилот ба муносибати рузи Ваҳдати Миллӣ табрик ва муборакбод намуда, қайд кард, ки  “ин падидаи таърихӣ - Рӯзи Ваҳдат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми бофарҳангу  соҳибмаърифати мо тавассути арзишҳои волову муқаддас – дустиву бародарӣ, муттаҳидии мардум ва таъмини пойдории сулҳу субот ба инкишофи бемайлону ҳаматарафаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди боустуворӣ мамлакат саҳми калидӣ мегузоранд”.


Зимни баромад ва таҳлили марҳилаҳои таърихӣ ва сиёсии муколамаи сулҳ дар Тоҷикистон сафир Қоимдодов гуфтаҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ ва меъмори он, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмонро, ки  “посдории сулҳу суботи ҷамъиятӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳифзи таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат ҳисобида мешавад” ҳассосноку муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Волоҳазрат Шоҳ Карим ал-Ҳусейни ҳамчун Роҳбарияти олии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва сафири сулҳпарвари Ислом борҳо дар паёмҳояшон аз пайравонаш даъват ба амал овардаанд, ки “ҳар яки шумо бояд шаҳрванди беҳтарин ва фаъолтарини кишваратон бошед. Ба низоми арзишҳо ва қонунгузории  кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунед эҳтиром гузоред ва дар рушду пешрафти он саҳми арзандаву шоиста дошта бошед”.

Ҷаноби Қоимдодов изҳор дошт, ки маҳз фазои сулҳу ваҳдат барои таъсис ва фаъолияти дарозмуддати  ташкилотҳо ва институтҳои гуногуни байналмилалӣ, махсусан Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  ва хадамотҳои он дар Тоҷикистон заминаи бунёдӣ гузошт. Ҳамин омил сабаб гардид, ки дар рузҳои вазнин барои халқу миллат хадамотҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) тибқи Созишнома ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он дасти кумакро дароз карда,  барномаҳои самаранокро роҳандозӣ намудаанд.

AKDN ва хадамотҳои он ҳамкориҳои худро ҳамчун шарики боэътимод аз расонидани кумаки башардустона, бахусус таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ сар карда, то ба имруз ҳамкории худро аз тариқи барномаҳои дарозмуддат оид ба рушд идома дода истодаанд.


Баъдан сухан барои маърӯза таҳти унвони “Аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шароити замони муосир” ба корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируз Рамазон ва ба номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Хонум Анзурати Маликзод дар мавзъӯи “Ваҳдати миллӣ дар адабиëти классикии тоҷику форс” дода шуд. 

Дар чаҳорчубаи ҳамоиш намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба муносибати таҷлили РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ доир гардид.