Президенти Русия Владимир Путин имрӯз ҷиҳати дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Тавре ки интизорӣ меравад, ҳавопаймои президенти Русия соати 17:00 ба Душанбе фуруд меояд.

Дар Раёсати БДА шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки зимни сафари меҳмони воломақом ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад.

Аз соати 15:00 аз фурудгоҳ то маркази шаҳр ва як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт роҳҳо баста мешаванд.

“Аз ҷумла, аз қитъаи кӯчаи Аҳмади Дониш то буриши кӯчаи Айни ба ҳаракати нақлиёт иҷоза дода намешавад. Роҳи хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Камаров пурра баста мешавад. Ҳамчунин аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то маҳаллаи Қарияи Боло ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад”, - изҳор намуданд дар қисми навбатдории Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе.

Раёсати БДА-и пойтахт аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост мекунад, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, зимни ба ҷое рафтан аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Владимир Путин бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Душанбе масоили рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин зимни гуфтушунид масъалаи ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) пайвастани Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.