Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи болоравии ҳарорат дар ҷумҳурӣ то 47 дараҷа гармӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, рӯзҳои 19-23 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои ниҳоят гарм бо ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 39-44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45-47 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35-40 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 19-23 июл бо сабаби ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.

“Рӯзҳои 19-20 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқи ВМКБ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест”, - омадааст дар маълумоти ин ниҳод.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ ҷумҳурӣ хабар доданд, охирин бор ақрабаки ҳароратсанҷ то нишондиҳандаи 47 дараҷа гарм соли 1944 боло рафта буд.

“78 сол пеш обуҳавои гармтарин дар таърихи Тоҷикистон дар шаҳраки Айваҷ, қаламрави ҳозираи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд”, - гуфтанд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд.

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад ба хотири риояи бехатарӣ ба тавсияҳои зерин гӯш фаро диҳанд:

* Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

* Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред;

* Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз  +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;

* Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

* Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

* Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

* Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

* Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

* Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед. 

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Гуфта мешавад, дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11  ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.