Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ аз нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе-Волгоград хабар дод ва гуфт, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

“Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст. Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон меафтад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст. Ӯ аз роҳандозии хатсайри мушаххас дар ин маврид ном набурд.

Ёдовар мешавем, ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи  30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.

Аз КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқот бо ҳамтоён дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.

“Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи нахустини мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба - рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.

Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград низ барқарор мешавад ва рӯзҳои чоршанбе аз Хуҷанд ба Волгоград ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба Хуҷанд сафар мекунад.

Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.