Дар зарфи 6 моҳи соли равон «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ҳамагӣ ба андозаи 24,3% иҷро шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Барнома аз ҳама беҳтар дар шаҳри Душанбе - 96,4% ба иҷро расида, ин нишондиҳанда дар вилоятҳои Суғд - 32%, Хатлон - 19,9% ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 12,2%-ро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи татбиқи барнома тамоман амалӣ нашудааст.

Барнома моҳи апрели соли 2021 қабул шуда, барои татбиқи он дар муддати 5 сол ҷудо гардидани 124 млн 635 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ мешавад.

Соли 2021 барои харидории 68 озмоишгоҳи илмӣ ва 2 ҳазору 236 кабинетҳои фаннӣ 3 млн 400 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.

Тавре ки дар Вазорат зикр карданд, соли гузашта нақшаи иҷрои барнома ҳамагӣ 20%-ро ташкил дод.

Иҷро нашудани барномаро дар ин ниҳод чунин маънидод мекунанд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимият барои иҷро нақша маблағи зарурӣ ҷудо накарда, дар суратҳисоби муассисаҳои тахлимӣ бошад, маблағ нест.

Зикр шуд, ки муҷаҳҳазсозии кабинети физика ва кимиё ба ҳисоби миёна ба 15 ҳазор сомонӣ, озмоишгоҳи таълимӣ аз фанни биология - ба 25 ҳазор сомонӣ, як синф – кабинет ва кабинетҳои фанҳои дигар  - ба 10 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.