Сокини 10-миллионии Тоҷикистон тасодуфӣ интихоб нашуда, пешакӣ дар ин самт омодагӣ гирифта шуда буд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳамаи ҷараёни интихоб шаффоф сурат гирифт.

“Сокини 10-миллионии кишвар тибқи нақшаи комиссияи дахлдори Вазорати тандурустӣ ва Агентии омор муайян карда шуд, - гуфт Абдуллозода. -  Комиссия муайян кард, ки кӯдак дар фосилаи вақти байни 12:27-12:30 дақиқаи рӯзи 30 июл ба дунё меояд. Аз ин рӯ, ба таваллудхонаҳо дастур додем, ки дар бораи ҳамаи таваллудҳо дар ин фосилаи вақт ба Вазорат хабар диҳанд”.

Ба гуфтаи вазир, дар фосилаи вақти зикршуда дар бораи таваллуди кӯдак аз таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе хабар расид.


Дар ҳамин ҳол, ба саволи журналистон дар бораи чаро тез-тез дар Душанбе таваллуд шудани “миллиониҳо”, вазир посух дод, ки дар пойтахт таваллудхонаҳо бештар буда, таваллуд ҳам зиёдтар аст.

“Дар Душанбе 4 таваллудхона бо 730 кат ва дар Хуҷанд 2 таваллудхона бо 170 кат амал мекунанд. Шумори таваллудхонаҳо дар Кӯлоб ва Бохтар нисбат ба Душанбе хеле камтар аст. Аз ин рӯ, аз лиҳози шумори таваллуд пойтахт аз ҳама минтақаҳо пешсаф аст", - изҳор дошт вазир.

Ёдрас мекунем, ки сокини 10-миллионии Тоҷикистон 23 июл дар таваллудхонаи№2-и пойтахт таваллуд шуд. Кӯдакро Фирдавс номгузорӣ карданд. Ҳукумат ба оилаи Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа кард.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.