Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF)  боздошти чор хабарнигор ва блогери тоҷикро, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ гумонбар мешаванд, маҳкум намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки онҳоро раҳо кунанд.

Ин созмон, имрӯз, 27-уми июл бо нашри як баёнияе боздошти 4 хабарнигор - Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро як усули тарс додани рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО) номидааст.

Жанна Кавелиер, раҳбари минтақавии Созмон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар шарҳи баёния афзудааст, ки дар натиҷаи афзоиши сензура ва тӯҳмат алайҳи васоити ахбори омма, рӯзноманигорон пас аз ҳар як тафтишот ба ҳабс дучор мешаванд.

- Мақомоти Тоҷикистон бояд аз иттиҳоми бардурӯғ барои хомӯш кардани рӯзноманигорони интиқодӣ аз ҳукумат даст кашанд ва боздоштшудаҳоро озод кунанд, - гуфтааст Жанна Кавелиер.

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.

Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. Завқибек Саидаминӣ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда, бар зиддаш бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳамчунин, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур  боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Рӯзи 19 июли соли равон Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Наздикони боздоштшудаҳо иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳарактаҳои мамнӯъ дар кишварро рад мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.