Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, 146 зану кӯдаке, ки ду рӯз пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, пурра солиманд ва эҳтимол дар зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҷой дода шаванд.

Ӯ 27 июл дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, дар посух ба суоли рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар робита ба тақдири ояндаи онҳо посухи рӯшан надод ва танҳо ишора кард, ки “посухи ин саволҳо ба ваколаташ дохил намешавад”.

“Баъди ба расмият дарорвардани баъзе ҷузъиётҳо ҳамон шаҳрвандоне, ки  имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд аз дигар давлат, ба сохторҳои тандурустӣ  ва вазорат муайян карда, сафарбар мешаванд”, - гуфт Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ дар  робита ба тақдири 84 кӯдаке, ки моҳи апрели соли 2019 аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда, дар сохторҳои тобеи вазорат нигоҳдорӣ мешуданд, гуфт, онҳо дар 2 маркази дастгирии модару кӯдаки муассисаҳои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ба ҳол ба назидконашон дода нашудаанд.

“Вақте онҳо ба синни 7- солагӣ мерасанд, барои таҳсил ба Вазорати маориф ва дар синни 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба Вазорати меҳнат равона карда мешаванд.” – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 25 июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки онҳо  бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд ва ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Соли 2019 низ Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда буд.

Ҳарчанд дар аввал гуфта мешуд,  ки кӯдакон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.