Дар Тоҷикистон олимон бар асоси гиёҳҳои шифобахш доруи зидди коронавирус ихтироъ карданд. Дар ин бора имрӯз, 29 июл зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ин дору ба қайд гирифта мешавад.

“Пас аз дарёфти патент дар ин хусус ба ҷомеа маълумоти муфассал пешниҳод мешавад, - гуфт ӯ. - Ҳозир танҳо гуфта метавонам, ки дору бар асоси гиёҳи шифобахши “Ҷорӯбак” (бо русӣ - “Сорго” ё”Парин”) тайёр шуд. Он ҳароратро поин фароварда, муолиҷаи шушро осон мекунад”.

Раҳимӣ инчунин хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон олимон аз рӯи 11 мавзӯъ, аз ҷумла дар бахшҳои риёзиву физика, оптика ва электроникаи квантӣ, амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ корҳои таҳқиқотиро идома доданд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳолати 1 июл дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академия 372 магистр (дар курсҳои якум ва дуюм) аз рӯи 43 ихтисос таҳсил мекунанд.

Аз шумори умумии аспирантон (унвонҷӯён) 207 нафарашон занон мебошанд. Дар 17 муассисаи Академия 244 докторант таҳсил доранд.

Раиси АМИТ инчунин зикр кард, ки тибқи қарордод бо Академияи илмҳои Беларус15 нафар аз Тоҷикистон ба Минск барои гузаштан аз давраҳои омӯзишӣ оид ба всирусшиносӣ ва COVID-19 фиристода мешаванд.

“Рӯзҳои 26-28 сентябр олимон ва намояндагони Академияи илмҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав гирдиҳам меоянд, то ки мушкили норасоии кадрҳо ва дигар масоили мубрами илмро баррасӣ кунанд”, - гуфт Раҳимӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.