Ояндаи наздик Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода мешавад.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 193 ҳазору 499 бех ниҳоли дарахтон шинонида мешавад.

Гуфта мешавад, аз ҷумла қариб 55 ҳазораш дарахти сояафкан, ҳудуди 62 ҳазор бех дарахти ороишӣ, зиёда аз 13 ҳазор бех дарахти буттагӣ ва қариб 64 ҳазор бех дарахти мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.

Ин тадбирҳо бар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022 амалӣ мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои қарори мазкур бо мақсади таъмини сарсабзию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоу баҳор зиёда аз 13 млн адад гул шинонида мешавад, ки аз гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва гули лола иборатанд.

Мувофиқи ин қарор, корҳои шинонидан ва нигоҳубини дарахтону гулҳо ба дӯши кормандони ташкилоту корхона ва муассисаҳо, инчунин дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияти маъмурӣ вогузор мегардад.

Аз ҷараёни иҷрои чорабиниҳои қарор раисони ноҳияҳои шаҳр ва раҳбарияти сохторҳои дахлдор ба раиси шаҳр ҳисобот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.