Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод намудааст, ки дар анҷоми расмиёти ариза ҷиҳати гирифтани патенти кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ банди нав илова шавад. Дар он огоҳинома дар бораи сафари шаҳрванди хориҷӣ, ки на бо ҳадафи кор кардан, балки бо дигар мақсад омадааст, пешбинӣ шудааст. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе аз маркази матбуоти ВКД хабар додаанд, менависад ТАСС.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки лоиҳаи фармон омода шуда, ба баррасии ҷомеа пешниҳод шудааст. Дар он ворид намудани тағйирот ба аризае, ки барои гирифтани патент дода мешавад, анҷоми расмиёти дубораи он, додани нусха (дубликат)-и патент ё ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар он зикршуда пешбинӣ шудааст.

Бар ин асос, дар лоиҳаи фармон иловаи банд ба варақаи ариза барои додани патент пешбинӣ шудааст, ки дар он шаҳрванди хориҷии ба Русия воридшуда на барои коркунӣ, балки бо дигар мақсадҳо, бояд дар бораи тағйири ҳадафи сафар ба Русия зимни муроҷиат бо ариза барои анҷоми расмиёти патент хабар диҳад.

Бино ба маълумоти ВКД, давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 1 млн патент барои кор ба расмият даровардаанд, ки 167 ҳазор адад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.