Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), ходими шоистаи илм ва техникаи кишвар Фозил Тоҳиров дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 83-сола буд.

Аз Академияи илмҳо хабар доданд, ки Фозил Тоҳиров пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1966 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, сипас то соли 1995, қариб 30 сол дар ин муассисаи олӣ ифои вазифа намудааст. Аз ҷумда, дар солҳои душвори 1990-1995 Фозил Тоҳиров ректори ин донишгоҳ буд.

Фозил Тоҳиров
аз сомонаи Донишгоҳи миллӣ

Соли 1995 ба кор дар Академияи илмҳо гузашта, муддати 11 сол дар вазифаҳои саркотиби илмии Академияи илмҳои ҶТ ва аз соли 2006 директори Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон кор кард.

Фозил Тоҳиров ҳанӯз соли 1988 ба унвони илмии доктори улуми ҳуқушиносӣ ва соли 1990 - проефссор сазовор дониста шуда, соли 2009 ба узвияти Академияи илмҳо пазируфта шуд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу мақолаҳои илмӣ мебошад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!