Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ дар шакли велосипеди сиёҳ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Талош варзидем, то бифаҳмем, ки осабабҳои “нопадид шудани он” чист.

Муҷассамаи ёдгорие, ки дар ноҳияи Данғара ба хотираи чор сайёҳи хориҷии кушташуда гузошта шуда буд, барои таъмиру навсозӣ аз ҷояш гирифта шудааст, итминон дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода.

Ӯ шарҳ дод, ки муҷассама ҳеҷ ҷойе гум нахоҳад шуд. “Айни замон он таъмир мешавад ва сипас ба ҷояш насб хоҳад шуд”, - иброз дошт ӯ.

Дар бораи санаи дақиқи аз ҷояш барканда шудани муҷассама у маълумот надода, дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки ин кор чанде пеш сурат гирифта, рӯзҳои наздик муҷассамаи бозсозишуда ҷояшро мегирад.

Амали террористии марговар

Муҷассамаи ёдгорӣ барои гиромидошти хотираи қатли бераҳмонаи сайёҳони дучархарони хориҷӣ гузошта шуда буд. Ҳамон рӯз, 2 сентябри соли 2018 бо иштироки 50 нафар велосипедрони синну сол ва сатҳи омодагии гуногун ба хотираи ҳалокшудагон веломарафон доир гардида, велосипедронон 87 километр масофаро тай намуданд.

Веломарафон ба хотираи сайёҳони кушташуда
Сурат: Asia-Plus

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли 2018 дар Тоҷикистон 4 нафар сайёҳони хориҷӣ бераҳмона ба қатл расонида шуда буданд. Дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара нахуст сайёҳонро мошин пахш карда, сипас одамони аз сабукрав беруномада ба онҳо ҳамла карданд.

Он замон 4 нафар сайёҳон ҳалок шуданд: ҳамсарони 29-сола аз ИМА Ҷей Остин ва Лорен Гейган, сокини Нидерланд Рене Вокке ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус. Ду нафари дигар – Ким Постма ва Дименд Мари Клер ҷароҳат бардоштанд.

Аз 5 нафари бевосита ба сайёҳон ҳамлакарда танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда монд, ки 21-уми ноябр ба ҳабси абадӣ маҳкум шуд (моҳи марти соли 2021 дар зиндон вафот кард). Боқимонда 4 нафари ҳамлакарда дар ҷараёни амалиёти махсус кушта шуданд.

Боз 2 нафар иштирокчии дигари ин амал - Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд. Ғайр аз ин, боз 12 нафар барои саривақт ба мақомот хабар надодан (моддаи 347 КҶ ҶТ) ба муҳлатҳои аз 1 то 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Масъулияти куштори сайёҳонро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт. Фарзияи расмиии Душанберо ВКД ҷумҳурӣ изҳор кард -  дар анҷоми амали террористӣ Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ даст дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.