Тибқи маълумоти навшудаи табибони Чин, дар ин кишвар 40 171 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 35 982 нафар мавриди муолиҷа қарор дошта, 6484 кас дар ҳолати вазнин мебошанд. Аз бемористонҳо 3281 нафар ҷавоб дода шудаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

Дар маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин гуфта мешавад, шумори қурбониён аз коронавируси нав дар ин кишвар ба 908 нафар расидааст.

Ғайр аз ин, дар Гонконг 36 ҳолат (як нафар фавтид), Макао – 10 ва Тайван – 18 (як нафар аз бемористон ҷавоб шудааст) ҳолати сироятёбиро ба қайд гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз охири соли гузашта – замони оғози хуруҷи коронавируси қаблан номаълум дар шаҳри Ухани Чин, ҳукумати ин кишвар ба сурати умум аллакай зиёда аз 10 млрд. доллар харҷ кардааст. Олимони Мактаби беҳдошт ва пажӯҳиши бемориҳои тропикии Лондон пешгӯйӣ кардаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи феврал паҳншавии коронавирус ба авҷи худ мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.