Президенти ИМА Доналд Трамп лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки имкони эъломи таҳрим зидди мансабдорони Чин барои таъқиби уйғурҳо ва сокинони дигари мусулмони минтақаи худмухтори Шинҷонро фароҳам месозад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин лоиҳа "Қонуни сиёсат дар бахши ҳуқуқи инсон нисбат ба уйғурҳо" ном дошта, поймоли ошкорои ҳуқуқи ақалиятҳои мусулмон дар Шинҷонро маҳкум ва ҳаққи эъломи таҳрим зидди мансабдорони алоҳидаро медиҳад.

Гуфта мешавад, бар пояи қонуни мазкур, хадамоти махсус ва Департаменти давлатии Амрико Конгрессро пайваста аз вазъи уйғурҳо дар Чин огаҳ карда, президент бояд давоми 120 рӯз номи мансабдорони чиниеро пешниҳод кунад, ки дар таъқиби уйғурҳо даст доранд ва зиддашон бар асоси Қонуни ҷаҳонии Магнитский таҳрим эълом хоҳад шуд. Дар қонун номи раиси Ҳизби коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин ва узви баландпояи дигари ҳизб Чен Квангуо бевосита оварда шудааст.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи қонуни мазкур  ҳанӯз соли гузашта таҳия шуда буд, вале тасвиби он бо сард шудани муносибатҳои ИМА ва Чин дар пайи ҳамагир гаштани вируси корона рост омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.