Тайи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса дар бахши арабии Twitter наворе паҳн мешавад (бойгонӣ), ки гӯиё дар он роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус дар як клуби шабона бо либосҳои кӯтоҳи рангоранг рақс мекунад. Баъдан, ин навор дар шабакаи иҷтимоии Facebook низ роҳ ёфт (бойгонӣ).

Кай ва дар куҷо бори аввал ин навори сохта пайдо шудаасту аслан дар он кӣ рақс мекунад, Factcheck.tj маълум кард.

Ҳукмнома: Фейк

Ин навор бори нахуст дар Брозил сохта шуда, шахсе, ки онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой додааст, аз шӯхӣ будани он дарак дода буд. Вале ин навор ҳамоно ба таври густурда бо забонҳои дигар низ нашру паҳн мешавад. Ҳарчанд нашрияи брозилии «O Globo» 22-уми июни соли равон дар ин бора таҳлили муфассали наворро ба табъ расонида буд (бойгонӣ). Навори мазкур ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 дар яке аз барҳои шаҳри Сантоси Брозил ба навор гирифта шуда, ҳаргиз ба роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус рабт надорад.


Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст, агар наворро бодиққат тамошо кунем ва баъдан ба аксҳои Тедрос Адханом Гебрейесус назар афканем, маълум мешавад, ки ин ду нафар одамони гуногунанд. Марде, ки дар навор тасвир ёфтааст, назар ба роҳбари СҶТ сафедтар аст, шакли манаҳ ва ҳатто мӯйлаби ӯ фарқ мекунад. Вале бо вуҷуди ин, баъзе аз монандиҳое мавҷуданд, ки корбаронро гумроҳ мекунанд ва шояд бо назардошти сифати пасти навор кам нафарон ба ин гуна ҷузъиёт аҳамият медиҳанд.

Дар робита ба ин, ҳамкасбони брозилии мо таҳқиқотеро анҷом дода, муайян кардаанд, ки навор моҳи феврали соли 2020 дар Брозил бардошта шудааст. Журналистон навори босифатро пайдо намудаанд, ки дар либоси пешхизмат рақами телефон дида мешавад ва онҳо бо соҳиби бар тамос мегиранд.

Иқтибос:

«Ман он наворро дидам. Намедонам, онро кӣ дар Интернет нашр кардааст, аммо ҳоло бари ман маҳкам аст. Бидуни шак, ин ҳодиса чанд моҳ қабл, хеле пештар аз ин рух дода буд. Он вақт мусиқии зинда садо медод ва ҳоло бар тақрибан 90 рӯз баста аст»,- гуфт соҳиби бар дар мусоҳиба бо «O Globo».

Инчунин, намоиши барномаи Domingão do Faustão, ки дар экрани телевизор дида мешуд, ба журналистон низ кӯмак кардааст, то санаи дақиқи ин наворро маълум кунанд: 16 феврали соли 2020 (порчае аз барномаи «Domingão do Faustão»).

Сомонае бо номи Fatabyyano, ки ба санҷиши далелҳо машғул аст, ин навори баҳснокро санҷидааст. Журналистони сомона пас аз дидани нишонаи обӣ дар навор, онҳо корбареро бо номи Уилкер Васконселос (Wilker Vasconcelos) пайдо карданд. Баъд аз он ки навор дар саҳифаи иҷтимоии ӯ маъруф шуд, номбурда ошкоро эълон кард, ки ин навор ҳамчун шӯхӣ бинобар баъзе аз монандиҳо дар намуди зоҳирии марде дар навор бо сардори СҶТ таҳрир карда шудааст (бойгонӣ).


Баъдтар, худи Уилкер Васконселос санаи 23-уми июн дар саҳифаи «Twitter»-аш паёми хурдеро нашр карда (бойгонӣ), аз дурӯғ будани он хабар додааст.

«Модар, ман дар «O Globo» баромадам»,- навиштааст ӯ.

Хулоса

Муаллифи навори таҳриршуда Уилкер Васконселос шӯхӣ будани онро дар саҳифаи «Twitter»-и худ таъкид намудааст. Сомонаи брозилии «O Globo» 22-уми июни соли ҷорӣ дар ин бора таҳлили муфассали наворро нашр карда, собит намудааст, ки ин навор бори нахуст моҳи феврал дар яке аз барҳои шаҳри Сантос (Брозил) сабт шуда буд. Инчунин, бо вуҷуди монандиҳои байни ин ду шахс, навори мазкур ба роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус ҳеч рабте надорад. Аз ин лиҳоз, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!