Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Доғистон алайҳи яке аз хешовандони 6 маҳбусе, ки аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон рӯзи 22 сентябр фирор карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар миёни ин маҳбусони фирорӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буданд. Ҳоло маълум нест, ки боздоштшуда хешованди маҳбусони фирории тоҷик аст ё доғистонӣ?  

Тибқи иттилои dagestan.sledcom.ru, Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Доғистон дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ, муайян кард, ки хеши яке аз маҳкумшудагоне, ки аз маҳбас гурехтаанд, ба онҳо дар фирор ёрӣ расонидааст. Нисбат ба ин мард бо  моддаи 33, қисми 2 ва моддаи 313 КҶ ФР (кӯмак ба гурехтан аз маҳбас) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон, маҷмӯи амалҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд, ки ба таҳкими заминаи далелҳо, инчунин муайян намудани маҳалли ҷойгиршавӣ ва боздошти маҳкумшудагони фирорӣ ва дигар шарикони ин ҷиноят равона карда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ дода буд хабаргузории ТАСС.

Вазорати корҳои дохилии Доғистон ному насаб ва аксҳои маҳбусони фирориро нашр кард. Ду тан аз онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд: сокини ноҳияи Ёвон Шамил Бойматови 29-сола ва сокини шаҳри Душанбе Маҳмадрасул Машрабови 30-сола ҳар ду барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовар мутаносибан ба 12 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Дигар маҳбусони фирорӣ зодагони Доғистон мебошанд: Наҷмудин Аҳмеднабиев, Рашид Аминов, Магомед Абдулқодиров ва Магдӣ Мириев.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ҷумҳурӣ барои дастгир кардани онҳо чораҷ\ӣ мекунанд.

Чор тан аз фирориён барои ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ва ду нафар барои куштор барои солиёни зиёд равонаи зиндон шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.