Хориҷӣ хондани забони форсӣ дар Афғонистон аз сӯйи Эҳсоияи марказии ин кишвар (Кумитаи омор) ҷанҷолбарангез шуд. Аз ҷумла, вакилони порлумони ин кишвар дар ҷаласаи порлумон бо хитоб ба дастандаркорони ин тақаллуб гуфтаанд, ки "ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд" ва ин "забонест, ки бидуни он наметавонед аз бозор ду кило качолу (картошка) бихаред".
Аз ҷумла вокуниши намояндаи мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон Ҳабибураҳмон Пидром ду-се рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳфоти маҷозӣ дасти ба даст мегардад.
Ҳабибураҳмони Пидром дар ин вокуниши худ, ки видеои онро бархе расонаҳои ин кишвар нашр кардаанд, мегӯяд, ки аз даҳҳо қарни гузашта то ба 100 соли пеш танҳо забони расмӣ, идорӣ ва илму адаби ин сарзамин форсӣ буд.
"Ниятҳои бад ва зиддият бо форсиро ҳаргиз бар наметобем. Имрӯз дар ҳоле, ки болиғ бар 20 миллион форсизабони бумӣ дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, бархе аз мутаассибону кӯрдилони ҳукуматӣ густохиро ба ҳадде расонидаанд, ки забони ин 20 миллион нафарро хориҷӣ мехонанд".
Ин вакил дар хитоб бо ин гуна ашхос мегӯяд, ки "аз чӣ чизе ҳарос доред, чаро аз забони мо метарсед? Агар хоби ҳазфи забони форсиро дар каллаҳои хоми хеш мепарваронед, ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд".
Пидром бо ёдоварӣ аз сухани нависандаи курд Мӯсо Ҳантар мегӯяд: "Агар забони модарии ман бунёдҳои ҳукумати туро ба ларза дар меоварад, эҳтимолан ин ба он маъност, ки ҳукумати хешро бар забони ман, хоки ман бунёд кардаӣ".
Идомаи эътирози пурсарусадои ин вакилро дар ин видео бибинед:
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста