Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 нафар беморони аз коронавирус сироятёфта фавтиданд, ки нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми замони пандемия аст.
Тавре ВВС хабар медиҳад, дар ҳошияи афзоиши шумори сироятёфтагон аз Covid-19 ҳукумати ин кишвар изҳор мекунад, ки тарабхонаву мағозаҳо алҳол метавонанд бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, инчунин марҳилаи нави барномаи имтиёзнок (кэшбэк) дар бахши сайёҳиро роҳандозӣ мекунанд.
Дар ин шабонарӯз дар Русия шумори рекордии фавт аз Covid-19 - 286 нафар сабт шуд. Рекорди аввал ду рӯз пеш, 13 октябр гузошта шуда, дар ин рӯз ситод дар бораи фавти 244 нафар хабар дод.
Чанде пеш афзоиши шабонарӯзии сироятёфтагон аз коронавирус 14 ҳазору 231 ҳолатро ташкил дод, ки бори нахуст беш за 14 ҳазор нафар аст. Моҳи сентябр афзоиши шумори шабонарӯзӣ аз 5 то 10 ҳазор, рӯзи 9 октябр - ба беш аз 12 ҳазор ва рӯзи якшанбе - ба зиёда аз 13 ҳазор кас расид.
Дар Русия аз замони оғози пандемия ҳамагӣ 1 млн 354 ҳазору 163 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 1 млн 048 ҳазору 097 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ 23 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста