Шумориши раъй пас аз анҷоми интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  идома дорад ва то кунун номзади демкоратҳо Ҷо Байден бо 264 раъй дар пеш аст. Ҳоло Трамп 214 раъй дорад ва тибқи низоми интихоботи амрико касе, ки баъди шумориши коллеҷи интихоботи 270 раъй ба даст овард, пирӯзи интихобот эълон мешавад. 

Байден агар дар иёлати Невада пирӯз шавад, орои лозимро ба даст хоҳад овард. Доналд Трамп ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар баъзе иёлатҳо розӣ нест ва аллакай бо талаби бозшумории овозҳо ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Байден дар ду иёлати калидӣ пирӯз шуд ва дар ҳоли наздик шудан ба хатти поёнӣ аст. Аммо Трамп, ки баъди як давраи президентӣ барои бори дувум номзад аст ва таҳдид мекунад, ки натиҷаҳоро дар чанд иёлот дар додгоҳ ба чолиш мекашад.

Ҷо Байден изҳори итминон кард, ки пас аз хатми шумориши оро, вай дар интихобот пирӯз хоҳад шуд:

"Аммо ин на танҳо пирӯзии ман, балки пирӯзии мардуми Амрико хоҳад буд." Вай инчунин навишт, ки имрӯз давлати Трамп расман аз созишномаи иқлими Париж даст кашид, аммо "дақиқан 77 рӯз пас, давлати Байден дубора ба он мепайвандад".

Теъдоди орои мардум барои номзадҳо то ин лаҳза чунин аст:

Байден: 72077099

Трамп: 68600884

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.