Маъракаи 'Нафас ба оянда', ки соли гузашта таҳти сарпарастии Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳамоҳангии Вазорати кишоварзӣ ва  ҷангали Туркия бо Саридораи ҷангали Туркия оғоз ёфта буд, имсол низ санаи 11-уми ноябр соати 11:11 (бо вақти Анқара) дар 81 вилоят ва 922 ноҳияи Туркия баргузор гардид.

Имсол, бори аввал дар доираи Рӯзи миллии ниҳолшинонӣ, 83 миллион ниҳол шинонида шуд, ки дар он 25 кишвар аз қабили Озарбойҷон, Босния - Ҳерзеговина, Малта, Косово, Сенегал, Қазоқистон ва Украина ширкат варзиданд.

Маъракаи "Нафас ба оянда: Иди миллии ниҳолшинонӣ", ки бо дастури Раисҷумҳури Туркия аз 7-уми ноябри соли 2019 ҳамчун Иди миллӣ муайян карда шудааст ва маросими аввалини он таърихи 11-уми ноябри соли 2019 соати 11:11 (бо вақти Анқара) дар ҳамоҳангии Вазорати кишоварзӣ ва ҷангали Туркия бо Саридораи ҷангали Туркия ҷиҳати дар як вақт шинонидани 11 миллион ниҳол дар 81 вилояти Туркия оғоз гардида буд, имсол бо иштироки 25 давлат ба як маъракаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Дар Маъракае, ки Вазорати кишоварзӣ ва ҷангал, Саридораи хоҷагии ҷангал, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TИKA) дар якҷоягӣ ташкил намудандалхусус Озарбойҷон, Босния-Ҳерзеговина, Ироқ, Ливия, Малта, Черногория, Қазоқистон, Гурҷистон, Укроин, Афғонистон, Косово, Маҷористон, Сербия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Македонияи Шимолӣ, Молдова, Судан, Нигер, Алҷазоир, Сенегал, Ҷумҳурии Кипри Шимолии Туркия, Ӯзбeкистон, Албания ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд ва дар як вақт бо Туркия ниҳолҳо шинонда шуданд. TИKA дар ин лоиҳа ба 25 кишвар кӯмаки ниҳолшинонӣ намуда, ба оянда 20,000 нафас медиҳад.

1/9

Ғайр аз имтиёзҳои иҷтимоие, ки дар доираи лоиҳа мақсадноканд, мувофиқи хусусияти маҳалли ниҳолшинонӣ; Паст кардани шиддати эрозия тавассути пешгирии талафоти хок, зиёд кардани мавҷудияти ҷангал тавассути беҳбуди сохтори сабзи кишвар, таъмини ғизо барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва дастгирии рушди аҳолии онҳо, манфиатҳои зиёдеро ба монанди хидматрасонӣ ба кӯдакон, ҷавонон ва шаҳрвандон барои зиндагӣ дар фазои сабз, тоза ва аз оксиген бой, махсусан тавассути ҷангалзоркунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фароҳам меорад.

Лоиҳа инчунин истеҳсоли асалро бо шарофати растаниҳои гулдор ва хушбӯи шинондашуда дастгирӣ мекунад, дар ҳоле ки дарахтзоркунӣ бо намудҳои фоидаовар, аз қабили зайтун, чормағз ва юғуб ба бунёди минтақаҳои фароғатӣ ва ба иқтисодиёт ворид кардани минтақаҳо мусоидат мекунад.

“Иди ниҳолшинонии Нафас ба оянда - 2020” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи роҳбарияти Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ТИКА, муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Ректори Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозон, донишҷӯён ва мардуми маҳаллӣ баргузор гардид. Дар доираи маърака 1000 бех ниҳоли аз 3 то 5-солаи санавбар (сосна), ардаҷ (можжевельник) ва сарвиноз (туя) шинонида шуд.