Диего Марадона, беҳтарин футболбози асри XX, рӯзи 25 ноябр даргузашт. Дар саросари ҷаҳон - ватанаш Аргентина ва Неаполи Италия, ки ӯ солҳои беҳтарини футболбозиашро дар он ҷо гузаронидааст ва дар бисёр шаҳрҳои дигар мухлисону ҳаводоронаш чорабиниҳои гиромидошту ёдбуд ташкил карда истодаанд, менависад Медуза.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар саросари ин кишвар мотами серӯзаи миллӣ эълон кард.

Ronaldo Schemidt / AFP / Scanpix / LETA

Маросими видоъ бо Марадона дар қасри президент дар Буэнос Айрес то соати 22:00 (ба вақти Маскав)-и рӯзи 26 ноябр муқаррар шуд. Интизор меравад, ки тақрибан 1 млн нафар барои видоъ бо қаҳрамони ҷаҳон дар қасри президенти Аргентина ҷамъ меоянд.

Natacha Pisarenko / AP / Scanpix / LETA

Бино ба маълумоти ВАО-и Аргентина, ҳазорҳо нафар барои видоъ бо Марадона навбат гирифтанд, аммо онҳое низ буданд, ки барои дидани тобути Диего аз болои панҷара гузаштанӣ шуданд, ки дар натиҷа ба даргирӣ бо кормандони пулис боис гардид.

Juan Ignacio Roncoroni / EPA / Scanpix / LETA

Чемпиони ҷаҳон, қаҳрамони дукаратаи Италия Диего Марадона рӯзи чоршанбе дар Буэнос-Айрес дар синни 60-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.

AP

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.