Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмимаш дар бораи бастани ду консулгарияш дар Русия хабар дод. Дар назар аст, ки ин консулгариҳо дар ду шаҳри бузурги Русия - Екатеринбург ва Владивосток баста шаванд.
Вазорати хориҷаи ИМА ҳам рӯзи 19-уми январ таъйид кард, ки ин консулигариҳоро дар ин ду шаҳр мебандад. Агар ин ду консулгарии ИМА ҳам дар Русия баста шаванд, охирин консулгариҳое хоҳанд буд, ки шаҳрвандони Русия барои дарёфти раводид ва дигар расмиёти сафар ба ИМА ба инҳо муроҷиат мекарданд.
Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо сафири кишвараш дар Русия Ҷон Суливан, рӯйи ин мавзуъ суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки "ба хотири тадбирҳои амниятӣ бастани консулгариҳоро дар нақша гирифтаанд".
Баҳси бастани консулгариҳо соли 2017 пас аз қазияи марбут ба Скрипалҳо сар зада буд. ИМА бо эътироз ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси рус, ки дар Бритониё паноҳ бурда буд, консулгарии Русия дар шаҳри Сиэттлро баст. Русия дар посух ба ин консулгарии ИМА дар Санкт-Петербургро баст ва сафари дипломатҳои амрикоиро мушкил кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста