Русия алайҳи Алексей Навалний яке аз раҳбарони мухолифи давлат дар ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Кумитаи тафтишотии Русия ин раҳбари мухолифини русро дар дуздии миллионҳо рубли хайрия барои созмони ыамъиятии зери ращбарияш муттаҳам медонад.

Муфаттишони ин ниҳод гуфтаанд, ки Навалний пулҳои хайрияро барои манфиатҳои хусусиаш истифода бурдааст. Алексей Навалний баъди заҳролудшавии мармуз ба Олмон бурда шуда буд, ки ҳоло дар онҷо муолиҷа мешавад.

Бар асоси парвандаи нав, агар Навалний ба Русия боз гардад имкон дорад барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шавад.

Алексей Навалний дар посух ба ин амалкарди мақомоти кишвараш гуфтааст, ки “иттиҳомот беасос аст ва ҳукумат мехоҳад, аз ӯ барои зинда мондан ва ошкор кардани маъмурони амниятӣ, ки мехостанд, ӯро бикушанд, қасос бигирад”.

Алексей Навалний пас аз ин ки аз заҳролудшавӣ ҷон ба саломат бурд, дар чанде аз матолиби таҳқиқотӣ ба василаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки заҳролуд шуданаш кори дасти хадамоти амниятии Русия буд.

Алексей Навалний, ки як созмони мубориза бо коррупсия дорад, чандин сол аст, дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни мақомоти баландпояи Русия гузоришҳои таҳқиқотӣ нашр мекунад. Ӯро то кунун чандин бор барои муддатҳои кутоҳ зиндонӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.