Дар рӯзи аввали пас аз савгандёдкунӣ раисҷумҳури нави ИМА Ҷо Байден як силсила фармонҳоро ба имзо расонид, ки қарорҳои қабулнамудаи президенти пешини ин кишвар Доналд Трампро бекор ва тадбирҳои навро дар муқовимат бо коронавирус ҷорӣ мекунанд, хабар медиҳад ВВС.

Аз ҷумла, Байден фармони Трампро дар бораи манъи вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои бештар мусалмоннишин бекор карда, сохтмони девор дар марз бо Мексикаро боздошт, ки замони Трамп то охирин рӯз шабонарӯзӣ месохтанд.

Ҳанӯз замони маъракаи пешазинтихоботӣ демократ ваъда дода буд, ки узвияти кишварро дар Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим барқарор мекунад. Дар бораи хориҷ шудани ИМА аз он Трамп соли 2017 бо гуфтаҳои “маро барои намояндагии шаҳрвандони Питтсбург, на Париж интихоб кардаанд” эълом дошта буд.

Ҳамчунин президент фармонеро ба имзо расонид, ки дар он хотима бахшидан ба кӯшишҳои ихроҷи шаҳрвандони ба ИМА омада замони кӯдакӣ ҳамроҳи волидон-муҳоҷирони ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, Байден ҷараёни хориҷ шудани кишвар аз ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустиро низ мутаваққиф кард ва пӯшидани ниқобу тадбирҳои фосилагирии иҷтимоии шаҳрвандонродар ҳамаи муассисаҳои федералӣ ва барои хизматчиёни давлатӣ ҳатмӣ кард.

“Пас аз савгандёдкунӣ имрӯз ман дарҳол ба кор пардохта, тадбирҳои зеринро анҷом хоҳам дод:

- зери назорат гирифтани пандемия;

- расонидани кумаки иқтисодӣ;

- тадбирҳо дар самти пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;

- пешбурди таъмини адолати нажодӣ”, - навиштааст Байден дар аккаунти расмиаш дар “Твиттер”.

Сухангӯи президенти нав Ҷен Псаки изҳор доштааст, ки рӯзҳои наздик Байден бо ҳамин суръат ба содир намудани фармонҳо идома медиҳад.

Аз ҷумла, бекор шудани манъи ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ даъват намудани ҳамҷинсгароён (трансгендерҳо) ва манъи кумаки молиявӣ ба ташкилотҳои хориҷӣро, ки ба исқоти ҳамл мусоидат мекунанд, метавон интизорӣ дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.