Дар кишвари Африқои Ҷанубӣ мехоҳанд қонунан ба занон доштани беш аз як шавҳарро иҷоза бидиҳанд. Дар ин кишвар мардон аз нигоҳи қонун ҳақ доранд, ки чанд зан дошта бошанд.
Дар ҳоли ҳозир тарҳи қонун дар ин замина дар ин кишвар дар ҳоли баррасист. Бино ба иттилои BBC ин тарҳи қонунро вазорати корҳои дохилии ин кишвар пешниҳод кардааст, ки муҳофизакоронро асабонӣ намудааст.
Онҳое, ки дар ин кишвар аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд, гуфтаанд, ки дар сурати қонунӣ шудани ин кор, издивоҷро як кори фарогиртар мекунад.
Ба навиштаи расонаҳои африқоӣ, тарқи қонунан ҳимоят шудани чанд ҳамсар доштани занон бахше аз барномаиҳои бузурги давлат барои ташвиқ ба издивоҷ дар ин кишвар мебошад.
Ҳарчанд ин тарҳ бо вокуниши гуруҳҳои гуногун дар ҷомеаи ин кишвар мувоҷеҳ шудааст, аммо давлат мегӯяд, ки дар таҳияи ин тарҳ, бо раҳбарони суннатӣ, чеҳраҳои бонуфуз ва фаъолони ҳуқуқи башар машварат кардааст.
BBC зимни инъикоси ин хабар менависад, ки таҳқиқоти давлат нишон додааст, ки раҳбарони мазҳабӣ дар ин кишвар, танҳо бо чандҳамсарӣ барои мардон мувофиқанд ва чунин ҳақро барои занон қоил намешаванд.
Ҳоло гуфта мешавад, ки тарҳи ин қонун ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва давлат ҳанӯз ба машвартаҳо барои ин тарҳ идома медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста