Низомии амрикоӣ Ҷеймс Уиллис даргузашт. Ӯро яке аз иштирокчиёни амалиёти қатли фармондеҳи воҳиди махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ)-и Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ медонанд, хабар медиҳад News.ru.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Эрон, Уиллис яке аз “иҷрокунандагони куштори фармондеҳи воҳиди махсуси СПИИ Қосим Сулаймонӣ мебошад, ки пас аз марги ӯ Эрон ба пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад.

Дар бораи марги афсар Уиллис қаблан Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) иттилоъ дода буд, лекин дар торнамои вазорат доир ба нақши афсар дар куштани генерал чизе гуфта нашуда буд. Дар бораи бо кадом сабаб ҳалок шудани афсар маълумот дода намешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиа, Уиллис ба амалиёти “Азми тазулзулнопазир" (Непоколебимая решимость) дар Ховари Миёна сафарбар шуда, дар пойгоҳи низомии ҳавоии ИМА дар Қатар бар асари “ҳодисае, ки ба амалиёти ҳарбӣ дахл надорад”, ҳалок шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 3 январи 2020, генерал Қосим Сулаймонӣ ба ҳамроҳии чанд шахсияти эронӣ ва ироқии дигар, ҳангоми як амалиёти террористӣ дар атрофи фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ мавриди ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифта, ба шаҳодат расиданд.

Субҳи 8-уми январ Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад, ки дар натиҷа то 100 нафар ҳалок шуданд. Лекин Вашингтон ин маълумотро рад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.