Русия консулгарии генералии худ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистогро таътил кард ва дипломатҳояшро ба Ӯзбекистон интиқол дод. 

Дипломатҳои консулгарии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Хайратон кор мекарданд, ба Узбекистон бурда шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулҷонов хабар додааст.

Сафири Русия дар шаҳри Кобул Дмитрий Жирнов иттилоъ додааст, ки консулгарии кишвараш дар Мазори Шариф то замони "ба эътидол омадани вазъ" баста хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, вазъ дар худи шаҳру атрофи он ноором аст.

Мазори Шариф чаҳорумин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки дар шимоли вилояти Балх, дар 58-километрии шаҳри Тирмизи Узбекистон ҷойгир мебошад.

Эрон ҳам чанд рӯз пештар консулгарияшро дар ин шаҳри шимолии Афғонистон таътил карда буд. Тоҷикистон ҳам дар ин шаҳр консулгарии худро дорад, аммо дар мавриди идомаи кори он то кунун чизе нагуфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.