Ҳайати баландрутбае аз Афғонистон бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чанд дақиқа пеш аз Кобул ба Давҳаи Қатар рафтааст. Дар расонаҳои Афғонистон сару садоҳое расонаӣ шудааст, ки қарор аст ин ҳайат бо "Толибон" дар Давҳа як созишномаи семоҳаи оташбасро ба имзо бирасонанд.
Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул менависад, ки Муҳаммадкарим Халилӣ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур, воли пешини Балх, Сайид Мансур Содот Нодирӣ, вазири давлат дар умури сулҳ, Ботур Дӯстум, узви тими музокиротии Афғонистон ва фарзанди Абдурашид Дӯстум ва шуморе дигар чеҳраҳои сиёси шомили ин ҳайат мебошанд.
Пештар гуфта мешуд, ки Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр ҳам бояд дар ин ҳайат ба Давҳа мерафатанд, аммо Ҳомид Карзай аз сафар худдорӣ кардаасту далели нарафтани Ҳикматёр маълум нест. Аммо Карзай гуфтааст, ки аз ин ҳайат ҳимоят мекунад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, қабл аз сафар дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ин ҳайат бо салоҳияти комил меравад ва умедвор аст, ки ба натиҷаҳое даст меёбад.
"Толибон" бояд аз ин фурсат истифода кунанд то ба дарду ранҷи мардум нуқтаи поён гузошта шавад",-гуфтааст Абдуллоҳ.
Абдуллоҳ гуфтааст, ки сулҳ дар даст ба даст шудани вулусволиҳо не, балки дар мизи музокирот ба даст меояд.
Ҳарчанд дар нишасти хабарии пеш аз сафар дар мавриди созишномаи оташбас чизе гуфта нашудааст, вале гуфта мешавад, ки яке аз нуктаҳои асосии дидор имзои созишномаи оташбас аз рӯзи Иди Қурбон то се ё чор моҳи баъдӣ аст.
Дар мавриди ин ки яке аз нуктаҳои асосии ин дидор гуфтугӯ сари оташбас аст, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми июл дар Душанбе ҳам изҳори назар карда буд.
"Оташбас яке аз масъалаҳои ин нишаст хоҳад буд ва мо бар инем, ки пеш аз ин ки вориди ҷузъиёти гуфтугӯҳо шавем, хеле муҳим аст, ки бояд оташбас сурат бигирад ва ин хости мардуми Афғонистон аст"-гуфта буд Атмар.
Вазири хориҷаи Афғонистон ҳадаф аз ин сафари ҳайати олирутбаро ин гуфта буд, ки "як бори дигар ҳайати мо ба “Толибон” мавзуъро рӯшан месозанд. Дуввум, ин ҳайат як бори дигар нақшаи сулҳеро, ки Афғонистон рӯи миз гузошта буд, таъкид мекунад. Ва мегӯянд, ки агар “Толибон” ягон нақшаи сулҳ доранд, бифармоянд ва агар сари нақшаи сулҳи мо мулоҳизоте доранд, ӯро анҷом бидиҳем".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста