Расонаҳои Ӯзбекистон аз суқути як ҳавопаймои низомии марбут ба неруҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҳудуди ин кишвар хабар медиҳанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, шоми 15-уми август як ҳавопаймои дорои нишонаҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар вилояти Шерободи Сурхондарёи Ӯзбекистон суқут кардааст. Аммо ба навиштаи Gazeta.uz ҳоло вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифои Ӯзбекистон дар ин маврид расман бо расонаҳо чизе нагуфтаанд.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар шабакаи интернет аксҳо ва наворҳои видеоӣ паҳн шуд, ки дар он қисмҳои ҳавопаймо ва ҳадди ақал як осебдида нишон дода шудааст. Гуфта мешавад ин ҳавопаймо бо нишони Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шаби 15-уми август дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё суқут кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифои Узбакистон дар мавриди суқути ҳавопаймо шарҳе надодаанд ва гуфтаанд “вазъро меомӯзем.”
Аммо хабаргузории Gazeta.uz такя ба манбаъҳои худ дар Сурхондарёи Ӯзбекистон навиштааст, ки дар пайи суқути ҳавопаймо ду низомии афғон дар филиали Термизи Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Гуфта мешавад қисме аз нафарони дар ҳавопаймо буда тавонистаанд бо парашют худро берун аз ҳавопаймо кашида наҷот ёфтаанд. Аммо дар мавриди он, ки дар ҳавопаймо чанд нафар буданд чизе гуфта нашудааст.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ки асосан ба манбаъҳояш такя кардаву аз онҳо ном наовардааст, як рӯз пеш аз ҳодиса се сарбози дигари афғон ба ин муассисаи тиббӣ интиқол ёфта буданд. Вазъи панҷ шаҳрванди Афғонистони дар бемористони Ӯзбекистон бистарӣ шуда миёна арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад дар радифи афғонҳо як низомии Ӯзбекистон низ дар ин бемористон бистарӣ шудааст ва вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мегардад. Аммо маълум нест, ки оё бистари шудани ин низомии ӯзбек оё ба суқути ҳавопаймои низомии Афғонистон рабт дорад ва ё не.
Ду рӯз пеш санаи 14-уми август Ӯзбекистон 84 низомии афғонро, ки марзро убур кардаанд қабул кард ва ба онҳо кӯмаки тиббт расонидааст. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, бо ҷониби Афғонистон гуфтушунид доранд ва масъалаи баргардонидани ин низомиёнро баррасӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста