Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон ва Ҳодмид Карзай, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо ҷамъе аз бузургони Панҷшер мулоқот кардаанд.
Дар бора Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш хабар додааст. Аммо Абдуллоҳ нагуфтааст, ки ин дидор дар куҷо сурат гирифтааст: дар Кобул ё Панҷшер, танҳо навиштааст "суҳбат ва табодули назар бо уламо, бузургон ва фармондеҳони вилояти Панҷшер".
Аз чеҳраҳои пурнуфузи Панҷшер дар ин аксҳо ҳеч касе дида намешавад, танҳо Адиб Фаҳим, писари шодравон моршол Қасим Фаҳим, муовини пешини раёсатҷуҳурии Афғонистон дида мешавад.
Ҳамчунин Абдуллоҳ Абдуллоҳ нагуфтааст, ки дар ин мулоқот баҳс сари чӣ будааст.
Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд ҳаамаи неруҳои мухолиф ба Толибонро дар панҷшер гирд овардааст ва мехоҳад дар баробари Толибон муқовимат кунад.
Аҳмад Масъуд бо нашри як мақола дар нашрияи "Вошингтан пост" аз кишварҳои ҷаҳонӣ хоста буд, ки ӯ ва ҳамроҳонашро дар ин кор ёрӣ кунанд.
Баъди суқути Кобул ба дасти Толибон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳодмид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр аз ташкили як Шӯрои ҳамоҳангсози интиқлои мусолиматомези қудрат хабар доданд, ки то кунун кори ин ниҳод ҳеч натиҷаи мушаххасе надоштааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста