Хабаргузории "Коммерсант" аз қавли сухангӯи Бонки ҷаҳонӣ менависад, маблағгузории лоиҳаҳои Бонк дар Афғонистон, ки аз сӯи “Толибон” тасарруф шудааст, муваққатан боздошта мешавад.

Дар маълумот гуфта мешавад, зикр шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рушди вазъ дар Афғонистон сахт изҳори нигаронӣ кардааст.

«Мо пардохт аз рӯйи амалиётамонро дар Афғонистон боздоштем. Вазъро мӯшикофона назорат ва арзёбӣ карда истодаем”, - гуфтааст намояндаи бонк.

Бино ба маълумоти сомонаи ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ, аз соли 2002 Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 5,3 млрд доллар додааст.

То лаҳзаи боздошти амалиёт дар ин кишвар, ба маблағи беш аз 2 млрд доллар 27 лоиҳаи амалкунанда, бахусус лоиҳаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ ва низомҳои пардохт дар Афғонистон маблағгузорӣ карда мешуданд.

Боздоштани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо пас аз он сурат гирифт, ки намояндаи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз манъи содироти доллар ва арзишҳои таърихӣ аз Афғонистон хабар дод.

"Ба ҳамаи шаҳрвандон ҳушдор медиҳем, ки дар сурати ошкор шудани чунин ашё, онҳо фавран мусодира ва соҳибони онҳо тибқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт", - зикр шуда буд дар хабар.

Қаблан газетаи Wall Street Journal хабар дода буд, ки барои "пешгирии ба дасти гурӯҳи террористӣ афтодани садҳо миллион доллар”, пеш аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден интиқоли долларро ба Афғонистон қатъ намуд.

The Washington Post хабар дод, ки маъмурияти президенти Амрико инчунин амалиёт бо захираҳои ҳукумати Афғонистонро, ки дар суратҳисобҳои бонкии Амрико нигоҳ дошта мешаванд, низ манъ кард.

Қаблан Хазинаи байнулмилалии асъор низ, кумаки молиявӣ ба Афғонистонро мутаваққиф кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.