Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф карда, амалиётҳоро берун аз ҳудуди Кобул баргузор мекунад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Блинкен гуфт, ИМА бо истифода аз имконоти консулгарии худ дар пойтахти Қатар - Давҳа бо як гурӯҳ, ки ба он муовини роҳбари ҳайати ИМА оид ба Афғонистон Ян МакКэри сарварӣ мекунад, ба фаъолияти худ бо шумули анҷоми расмиёти консулгарӣ ва идоракунии кумаки башардӯстона идома мебахшад.

То парвози охирини ҳавопаймои ИМА аз Афғонистон дипломатҳои амрикоӣ дар қаламрави фурудгоҳи Кобул кор мекарданд.

“Дар муносибатҳои Амрико бо Афғонистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ин марҳилаест барои роҳандозии дипломатияи мо. Мо пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба амрикоиҳо, шаҳрвандони хоиҷӣ ва афғонҳо барои тарк кардани Афғонистон кумак кунем. Умедворие надорем, ки ин кор хеле зуд ё осон ба анҷом хоҳад расид”, - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Блинкен, ҳудуди 100 нафар амрикоиҳо то ҳол дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Ӯ илова намудааст, ки идомаи кумак ба шахсоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва то 1 сентябр тарк накардаанд, мисли пешин ҳамчун уҳдадорӣ боқӣ мемонад.

Қаблан ИМА эълом дошт, ки хуруҷи неруҳои низомии худро аз Афғонистон анҷом додааст. Фурудгоҳи Кобул охирин иншоот дар Афғонистон буд, ки таҳти назорати артиши амрикоиҳо қарор дошт.

Нерӯҳои амрикоӣ шаби сешанбе Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури 20-солаи худ дар ин кишвар хотима бахшиданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.