Як манбаъ дар Ситоди марказии фармондеҳии артиши Амрико гуфтааст, ки дар ҳамлаи Толибон ба Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва ҳавопаймоҳову чархболҳояш мардумро бомбаборон кардаанд.
Бенҷамин Ҳол, хабарнигори шабакаи телевизионии Фокснюз (Fox News)-и Амрико бо нақл аз як манбаъе аз Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико дар саҳфаи Твиттараш, ки артиши Покистон бо ҳамлаҳои паҳподӣ (ҳавопаймоҳои бесарнишин) ва 27 чархболе, ки дар дохилашон нерӯҳои вижаи ин кишвар буданд, ба Толибон дар Ҷабҳаи Панҷшер кӯмак мекунад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз намояндаи Покистон гуфта буд, ки кишвараш дар ҳамла ба Панҷшер ҳеч дахолате накардааст.
Рӯзи 6-уми сентябр Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер эълон кард, ки ҳамлаи шаби 5-ум ба 6-уми сетябри Толибон бар Панҷшер ҳамроҳ бо неруҳои вижаи Покистон ва ҳавопаймоҳову чархболҳои артиши ин кишвар буд.
Ҳамчунин Сайид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки дахолати хориҷиро дар Панҷшер баррасӣ мекунад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон низ рӯзи 7-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ, ҳузури ҳавопаймоҳову чархболҳои покистониро инкор кард.
Муҷоҳид, имрӯз дар Твиттараш навиштааст, ки "дар масоили сиёсии Афғонистон ба ҳеч кишваре, аз ҷумла Покистон иҷозаи дахолат ва нақш нахоҳанд дод".
"Агар манзур ин аст, ки Покистон пушти ҷараёни Толибон аст, ин таблиғоти манфии 20-сола алайҳи мост ва онро бо ҷиддият рад мекунем. Толибон барои истиқлол, ҳувият ва озодӣ бо чиҳил кишвари дунё мубориза кард, бинобар ин чӣ тур мумкин аст як кишваре монанди Покистонро ба унвони раиси худ бипазирад",-суол гузоштааст Муҷоҳид.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 15 нафар барои ҳамлаҳои террористии монанд ба “Крокус” дар Душанбе ва Ваҳдат
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Тими Аврупо сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба диабети қанд дар Тоҷикистон баланд мебардорад
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста