Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури пешини Афғонистон дар Твиттераш бори дигар ба изҳороти Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон вокуниш нишон дода, аз Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон хостааст, ки "наворҳои гуфтугӯ бо Халилзод ва дигар намояндаҳои хориҷӣ дар робита ба раванди сулҳро" нашр кунад.

"Ман аз Ашраф Ғанӣ талаб мекунам, ки сабти овозии гуфтушунидҳоро (хусусан июл ва августро) бо Халилзод ва дигар дипломатҳои хориҷии дахлдор ифшо созад, то тавонем бар зидди таблиғоти бавуҷудомада, ки гӯё ин ҳама айби ҳукумати Афғонистон аст, мубориза барем. Ман медонам, ки ин сабтҳо мавҷуданд ва умед аст, ки шумо онҳоро дар даст доред", - навиштааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ин вокунишҳо ишора ба мусоҳибаҳои ахири  Залмай Халилзод бо DW аст, ки дар он сиёсатмадорони Афғонистонро муттаҳам ба "худхоҳӣ" карда, онҳоро сабабгори аслии шикасти давлати қаблӣ дониста аст.

Дар ин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, ки худро сарпарасти  раёсатҷумҳурӣ эълон карда буд, Халилзодро ба фиребкорӣ  муттаҳам намуда гуфтааст, ки ҳамаи гуфтугӯҳо бо вай махфиёна сабт мешуд:

"Пас аз ошкор шудани фиребкориҳои Халилзод дар раванди сулҳ, тасмим гирифта шуд, ки гуфтугӯҳои ҳузурӣ ва телефонии марбут ба сулҳ бо ӯ ва дигар ҳайатҳои хориҷӣ ба сурати сиррӣ сабт шавад. Ва ин кор ба таври муназзам сурат мегирифт",- афзудааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ӯ дар як паёми дигар дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст "дар ҳоле ки афғонҳо дар маърази фоҷеа ва шиканҷаи бузург қарор доранд, Халилзодро мебинем, ки бо лабханд барои Толибон ва террористони шабакаи Ҳаққонӣ, лоббигарӣ мекунад".

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи расҷумҳури фирории Афғонистон афзудааст, ки Залмай Халилзод "ба адабиёт ва ривоёти даҳаи 90 худ бозгаштааст, замоне ки аз як ширкати бузурги нефт ҳуқуқ мегирифт. Ӯ замимаҳои махфиёнаи тавофуқи Давҳаро то охир аз мо пинҳон кард. Чаро ӯ хушҳол аст?"

Ёдовар мешавем, ки Залмай Халилзод ду ҳафта пеш аз мақоми намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон канор рафта, дар чанде аз мусоҳибаҳояш сиёсатмадорони Афғонистонро сабабгори аслии шикасти давлати қаблӣ донистааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.