Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер дар баробари "Толибон" дар мавриди дар куҷо қарор доштани Аҳмад Масъуд изҳорот додааст, ки ӯ аслан дар дохили хоки Афғонистон аст, вале барои ҳамоҳангии корҳояш ба хориҷ ҳам сафар мекунад.

Назарӣ дар мусоҳиба бо телевизиони Ошнои "Садои Амрико" гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд ба унвони раҳбари сиёсӣ ва низомӣ ҳаққи сафари хориҷиро дорад, вале феълан дар дохили Афғонистон аст.

Ин изҳороти Назарӣ дар пайи он аст, ки дар оғози ин ҳафта бархе расонаҳо бо такя ба Восиқ Кабир, муовини собиқи раиси вилояти Панҷшер хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст.

Восиқ Кабир ба хабаргузории “ТАСС”-и Русия гуфта буд, ки Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо манбаъҳои наздик ба Масъуд, аз ҷумла Алӣ Майсам Назарӣ дар Тоҷикистон қарор доштани Масъудро рад мекунанд.

Назарӣ дар ин мусоҳибааш дар мавриди изҳори назари Восиқ Кабир гуфтааст, ки “мо намедонем, чаро чунин гузориш ба нашр расидааст. Шахсоне, ки чунин гузориш доданд, на сухангӯ ҳастанд ва бо аъзо ва раҳбарияти Ҷабҳаи муқовимат ҳеч иртибот надоранд. Иттилооташон дақиқ нест. Аҳмад Масъуд дар дохили Афғонистон аст, вале ин табиист, ки як раҳбари сиёсӣ ва низомӣ метавонад, барои диду боздидҳо рафтуомад дошта бошад”.

Ҳамчунин масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат ба сару садоҳо дар бораи роҳбари аслии Ҷабҳаи муқовимат ва равобити ин Ҷабҳа бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ, посух додааст.

“Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо як раҳбар дорад ва ӯ ҳам Аҳмад Масъуд аст. Ҷаноби Солеҳ сарпарасти раёсати ҷумҳури исломии Афғонистон мебошад. Байни ҳарду ҳамоҳангӣ ҳаст, аммо Ҷабҳаи муқовимат танҳо як роҳбар дорад. Аз шахсони дигаре, ки эълони ҳимоят аз муқовимат кардаанд, истиқбол мекунем. Аз нухбаҳои сиёсӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд. Ин ҳаққашон аст, ки муқовиматро қабул ё рад кунанд. Аммо ягона Ҷабҳае, ки дар дохили Афғонистон алайҳи “Толибон”, ДОИШ ва “Ал-Қоида” муқовимат дорад, дар дохили Афғонистон ҳузури физикӣ дорад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.