Ҳаракати “Толибон” рӯзи 12 декабр хариду фурӯши доллари ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дар саросари Афғонистон манъ кард, менависад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News.

Гуфта мешавад, амалиёт дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Кобул баъди ба 114 афғонӣ расидани 1 доллари ИМА қатъ шуд.

Беқурбшавии босуръати афғонӣ 7 декабр оғоз шуд. Дар ин вақт қурб давоми 1 рӯз аз 93-95 афғонӣ то 100 афғонӣ барои 1 доллар боло рафт.

Қобили зикр аст, ки доллари ИМА асъори асосии хориҷии мавриди истифодаи мардуми Афғонистон аст. Талабот ба ин асъор бахусус аз моҳи август, вақте ки толибон қудратро дар кишвар ба даст оварданд, афзоиш ёфт.

Пас аз қатъи фаъолият дар бузургтарин бозори муомилоти арз дар Афғонистон "Саройи Шоҳзода", ки дар Кобул воқеъ аст, дар онҷо бесарусомонӣ ба амал омад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи қатъи кори нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Афғонистон аз ҷониби намояндагони ҳукумати Толибон ягон изҳороти расмӣ пахш нашудааст.

Замони тасарруфи Кобул аз ҷониби Толибон рӯзи 15 август, дар нуқтаҳои муобилаи асъор доллари амрикоиро бо  нархи 80 афғонӣ барои 1 доллар харидан имконпазир буд.

Поинравии қурби пули миллии Афғонистон ба он рабт дорад, ки амалиёт бо зиёда аз 9 млрд доллар маблағҳои давлатӣ дар бонкҳои Амрико боздошта шуданд, то ки толибони дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ эътирофшуда аз он истифода бурда натавонанд, инчунин бо ин мақсад, ки  ҳукумати дигар давлат ва созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ аз ҳамкорӣ бо толибон даст кашанд.

Илова бар ин, аввали моҳи ноябр СММ гузорише мунташир кард, ки дар он гуфта мешавад, ки кори занонро манъ кардани Толибон ба Афғонистон то 1 млрд доллар ё худ 5%-и ММД зарар расонида метавонад. Бар асоси санади СММ, занон 20%-и қувваи кории Афғонистонро ташкил медиҳанд. Коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки агар онҳо кор карда натавонанд, ин ба иқтисоди давлат хисороти ииловагӣ ба бор оварда метавонад.

Тибқи гузориши Барномаи рушди СММ, ки охири моҳи ноябр нашр шуд, бахши бонкии Афгонистон дар остонаи варшикастагӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, дар сурати таназзули бахши молияи ин кишвар, шумори паноҳандагон миёни афғонҳо башиддат афзоиш ёфта, эҳёи иқтисоди ин кишвар метавонад даҳсолаҳо тӯл кашад.

Созмонҳои байнулмилалӣ ва бархе аз ҳукуматҳо бо ироаи кумакҳои пулӣ ва ҳамчунин ғизо, либос ва доруворӣ ба афғонҳои ниёзмандтарин талош доранд, ки  оқибатҳои фурӯпошии иқтисоди Афғонистонро коҳиш диҳанд.

Ба гунаи мисол, 11 декабр кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба 600 оилаи вилояти шимолии Бағлон маводи ғизоӣ тақсим карданд.

Рӯзи 9 декабр Фонди башардӯстонаи туркии İnsan Hak ve Hürriyetleri (IHH)  ба 300 оилаи ниёзманди вилояти шарқии Лағмон хӯрокворӣ тақсим кард.

Рӯзи 7 декабр ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои талаботи башардӯстонаи зиёда аз 24 млн нафар афғонҳо, ки дар ҳолати ниҳоят душвор қарор гирифтаанд, таъҷилан 2 млрд доллар ҷудо карда шавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед