Ҷумуҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистон Саудӣ баъди шаш соли танишҳо, хостори боз шудани сафоратхонаҳои якдигар шудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ирно"-и Эрон хабар медиҳанд.

Шаш сол пас аз ҳуҷуми ҳамлаварони эронӣ ба консулгариҳо ва сафорати Арабистони Саудӣ дар Эрон, равобити дипломатии ду кишвар қатъ шуда буд.

Гуфта мешавад, ки акнун намояндагии Эрон дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Ҷиддаи Саудӣ ба кор оғоз карда, се дипломати эронӣ визои Арабистони Саудиро гирифтанд ва дар ин дафтар ба фаъолият оғоз карданд.

Расонаҳои эронӣ бо ишора ба фаъолияти намояндагии Эрон дар Созмони ҳамкории исломӣ аз қавли сухангӯи вазорати корҳои хорҷиии Эрон Саид Хатибзода менависанд, ки Эрон омодагии кушодани сафорати худро дар Арабистони Саудиро дорад ва Риёз метавонад ҳайатеро барои боздид аз сафоратхонааш дар Теҳрон бифиристад.

Аз ин пештар, вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Абдуллоҳиён аз омодагии Эрон барои барқарории робитаҳои дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ  хабар дода буд.

Пештар Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Комиссияи амнияти миллии порлумони Эрон низ хабар дода буд, ки сафоратхонаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ "дар ҳоли омода шудан барои бозкушоӣ" ҳастанд, вале санаи дақиқи онро эълон накарда буд.

Эрон ва Арабистони Саудӣ барои ҳалли ихтилофҳои худ чаҳор бор гуфтугӯ кардаанд ва қарор аст даври панҷи ин музокирот низ ба зудӣ баргузор шавад.

То ҳануз ҷузъиёти дақиқе аз ин гуфтугӯҳо нашр нашудааст, вале ба навиштаи расонаҳои ироқӣ, дар ҷараёни даври аввали ин музокирот, ҳайатҳои ду кишвар ба раёсати Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Холид бин Алӣ Ал-Ҳумайдон, раҳбари Идорати истихбороти Арабистони Саудӣ дар Бағдод бо ҳам мулоқот карданд.

Ҷанги дохилии Яман, шеваи барқарори созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон, рушди барномаи мушакии Эрон ва пуштибонии Эрон аз гурӯҳҳои ниманизомӣ дар минтақа, аз ҷумла “Ҳизбулоҳ", ки аз сӯи Арабистони Саудӣ дахолат дар умури дохилии Лубнон хонда мешавад, аз муҳимтарин нуқтаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар ба шумор мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.