Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо сафораташро дар Кобул бозкушоӣ кардааст. Ҳадафи бозкушоии сафорати Иттиҳоди Аврупоро Толибон бо ҳадафи ҳузури доимӣ унвон кардаанд.
Сухангӯйи ин вазорат, Абдулқҳор Балхӣ дар сафҳаи Твиттараш навиштааст, ки фаъолияти дубораи сафорати Иттиҳодия Аврупо пас як силсила дидорҳо ва тафоҳум бо намояндҳагон ин иттиҳодия, оғоз шудааст.
Балхӣ ҳамчунон гуфтааст, ки ин созмон бар иловаи кумаки қаблии 220 миллион евро, ҳамчунин 268 миллион евро кӯмаки башардӯстонаи дигарро низ эълом намуда, ки як бахш аз он барои пардохти маоши омӯзгорон ҷудо шудааст.
Аммо Иттиҳодияи Аврупо то кунун дар ин бора вокуниши расмии накардааст.
Хабари бозкушоии сафорат дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо чанд рӯз қабл эълом кард, ки ин иттиҳодия чандин лоиҳаро ба арзиши 268.3 миллион евро барои ҷилавгирӣ аз ваҳимтар шудан вазъиятҳ иқтисодӣ ва башарӣ дар Афғонистон, роҳандозӣ кардааст.
Гуфта шудааст, ки ин лоиҳаҳоо дар бахшҳои омӯзиш, тандурустӣ ва пуштибонӣ зиндагии мардуми Афғонистон татбиқ мешаванд.
Бозкшоии сафоратхонаҳо ва ниҳодҳои миллӣ ва байналамлли дар Афғонистон пас аз тасарруфи ҳукумат аз сӯйи Толибон як муваффақияти дипломатӣ ҳисобида мешавад, ки Толибон онро навъе аз ба расмият шиyохтани ҳукумати худ медонанд.
Ҳукумати Толибон баъди тасарруфи Кобул, ки наздик ба 6 моҳ мерасад, ба дунболи касби машруъият аст. Аммо то кунун ҳеч кишваре ҳукумати толибонро, ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ ба расмият нашинохтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста