Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар вилояти Панҷшер садҳои хонавода бар асари озору азияти неруҳи ҳукумати сарпарасти "Толибон" маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро вогузор кардаву ин вилоятро тарк кунанд.
Шуморе аз сокинони вилояти Панҷшер иддао кардаанд, ки ба далели азиятиу озори неруҳои ҳукумати маҳаллӣ, ҳамарӯза даҳҳо хонавода ин вилоятро тарк мекунанд. Ба гуфтаи онон, пас аз он ки неруҳои низомӣ дар бархе минтақаҳои Панҷшер мавриди инфиҷор ва ё ҳамалаҳои мусаллаҳона (аз сӯй неруҳои мухолифи толибон) қарор мегиранд, ин неруҳо даст ба кофтукови хона ба хона ва ҳатто латукӯбу зиндонӣ кардани бошандагони ҳамон маҳал мезананд.
Аммо мақомҳои маҳаллии вилояти Панҷшер ин иддаоҳоро «овоза» номидаанд.
Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул дар як гузориши вижа ба ин мавзуъ пардохтаас. Ба гузориши ин рӯзнома, Қандоғо (номи мустаор) яке аз бошандагони вулусволи (ноҳия)-и Рухаи вилояти Панҷшер гуфтааст, ки қасди кӯчкашӣ аз ин вилоят ба пойтахтро дорад.
Қандоғо дар суҳбат бо рӯзнома гуфтааст, бо он ки вазъияти иқтисодии хубе надорад, аммо ногузир аст аз Панҷшер кӯч кунад. Қандоғо афзудааст, ҳар боре, ки неруҳои ҳукумати сарпараст дар Панҷшер мавриди ҳамалаҳои мусаллаҳона ва ё инфиҷори минаҳо қарор мегиранд, сокинони бегуноҳи ин вилоят мавриди азият ва озори ин неруҳо қарор мегиранд.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати маҳаллии Панҷшер дар дарвозаҳои ин вилоят низ сабаб азият ва озори мардум мешавад.
Қандоғо гуфтааст: «ҳар инфиҷор ва ё ҳамалаҳои мусаллаҳона, ки дар минтақаи мо рух медиҳад, неруҳои ҳукумати маҳаллии ин вилоят даст ба озору азият, латукӯб ва ҳатто зиндонӣ кардани бошандагони бегуноҳи маҳаллӣ мезананд. Мо дигар ин вазъиятро таҳаммул карда наметавонем ва ба ҳамин далел кӯч мекунем. Танҳо аз қарияи мо, ки дорои 40 хона буд, 26 хонавода кӯч кардаанд. Хонаводҳҳое, ки ҳатто кӯчи худро аз ин вилоят интиқол медиҳанд, дар исти бозрасии роҳи «Танг»-и вилояти Панҷшер мавриди бозпурсии неруҳои ҳукумати маҳаллӣ қарор мегиранд ва ба баҳонаҳои мухталиф азияту озор мешаванд».
Ба гуфтаи бошандагони вилояти Панҷшер, бештар хонаводаҳҳое, ки дар ҳоли кӯчкашӣ ҳастанд, сокинони марказ ва вулусволиҳои Руха, Аноба ва Шутули ин вилоятанд.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз фаъолони ҷомеаи мадании вилояти Панҷшер бо иброз нигаронӣ аз раванди кӯчидани бошандагони ин вилоятгуфтаанд, ки идомаи ин раванди болои рӯҳу равони бошандагони ин вилоят таъсири манфӣ гузоштааст.
Халил Сабур, фаъоли маданӣ дар Панҷшер, дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки рӯзона даҳҳо бошандаи ин вилоят аз минтақаҳояшон беҷо мешаванд.
Сабур аз ҳукумати маҳаллии вилояти Панҷшер хостааст то ҷилави афродеро, ки сабаби озору азияти бошандагони ин вилоят мешаванд, ҳарчи зудтар бигиранд.
Ӯ гуфтасст: «Мо воқеан дар ин рӯзҳо шоҳиди кӯчкашии даҳҳо хонавода аз бахшҳои мухталифи вилояти Панҷшер ҳастем. Далели он ҳам озору азияти бошандагони маҳаллӣ аз сӯйи неруҳои ҳукумати кунунӣ аст. Ин раванд болои рӯҳу равони сокинон, ба вежа занону кӯдакон таъсир манфӣ гузоштааст. Хости мо аз неруҳои ҳукумати маҳаллии ин вилоят ин аст, ки даст аз мардумозорӣ бардоранд, то ҳадди аққал мардум эҳсоси оромиш бикунанд».
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои маҳаллии вилояти Панҷшер ин иддаоҳоро «овоза» хондаанд.
Абубакри Саддиқ, сухангӯи волии Панҷшер, дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки имкон дорад як теъдоди «андак»-и хонаводаҳо ба далелҳои мухталиф аз манотиқашон кӯчкашӣ кунанд, аммо иддаои холӣ шудани бештари рустоҳо беасос аст.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои нахусти пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон, низ гузоришҳое аз кӯчи маҷбурии бошандагони вилояти Панҷшер ба нашр расида буд. Дар он замон иддао шуда буд, ки ҳазорон бошандаи вилояти Панҷшер дар натиҷаи набардҳои чанд моҳ пеш миёни неруҳои ҳукумати сарпарасти Толибон бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз манотиқшон беҷо шудаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста