Мақомоти Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе гуфтанд, ки аз ибтидои ҷанги Русия дар Украина марзҳои Украина бо Иттиҳоди Аврупоро ҳудуди 300 ҳазор кас убур кардаанд.
Иттиҳод ҳамзамон мегӯяд, мунтазири фирориҳои бештар аст.
Ба ҳамаи касоне, ки вориди Иттиҳоди Аврупо шудаанд, кӯмак расонида шудааст. "Танҳо рӯзи шанбе аз Украина 77 ҳазор кас фирор кардааст", - хабар медиҳанд мақомоти гумруки Лаҳистон.
Қисме аз фирориҳоро Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо пазируфтаанд.
Дар Аврупо гирдиҳамоиҳои зидди ҷанг дар Украина ва пуштибонӣ аз ин кишвар доир мешавад. Дар шаҳри Берлин дар "Роҳпаймоии ҳамраъйӣ" бо Украина рӯзи якшанбеи 27 феврал, ба иттилои пулис, бештар аз 100 ҳазор кас ширкат кардааст.
Гирдиҳамоии чандинҳазора бо ҷонибдорӣ аз Украина рӯзи 27 феврал дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех низ баргузор шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста