Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳамлаи низомии Русия дар Укроин фазои ҳавоии худро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия комилан баст. Дар ин бораи субҳи имрӯз, Маҷаллаи расмии Иттиҳодияи Аврупо дар як хабарномаи вижа хабар медиҳад.
Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфт, ки "ҳавопаймоҳои Русия наметавонанд ба фурудгоҳҳои ИА фуруд оянд, аз ин фурудгоҳҳо бархезанд ё дар фазои ИА парвоз кунанд".
First, we are shutting down the EU airspace for Russian-owned, Russian registered or Russian-controlled aircraft.
— Ursula von der Leyen (@vonderleyen) February 27, 2022
They won’t be able to land in, take off or overfly the territory of the EU.
Including the private jets of oligarchs. pic.twitter.com/o551M9zekQ
Хабаргузории русии ТАСС бо нақли қавл аз Маҷаллаи расмии ИА оавардааст, ки "фазо барои ҳама намуди ҳавопаймоҳо баста шудааст".
Дар баробари ин дар ин хабарнома гуфта шудааст, ки "ниҳодҳои босалоҳият метавонанд ба ҳавопаймоҳо иҷозаи нишаст, бархостан ва парвозро дар қаламрави ИА бидиҳанд, агар чунин иқдом барои ҳадафҳои башардӯстона зарур бошад ва ё барои ҳадафҳои дигаре, ки ба ҳамин муқаррарот мувофиқат мекунанд".
Пештар аз ин, вазирони корҳои хориҷии 27-кишвари Иттиҳодия Аврупо тарҳи комилан бастани фазои ҳавоии кишварҳояшрон барои ҳавопаймоҳои Русия, пазируфта буданд.
Ранее министры иностранных дел 27 стран Евросоюза одобрили полное закрытие воздушного пространства сообщества для российских самолетов.
Ба ҷуз ин, ИА кори расонаҳои "Russia Today" ва "Sputnik"-ро дар уаламрави худ манъ мекунад ва бастаи нави таҳримҳоро алайҳи "режими Лукашенко" ҷорӣ мекунад.
"Мо ба ғосиби дигар дар ин ҷанг, режими Лукашенко ҳам бо бастаи нави таҳримҳо зарба мезанем, ки бахшҳои хеле муҳимро дар бар мегиранд",- изҳор дошт фон дер Ляйен.
Ҳамчунин Иттиҳодияи аврупо ҳама гуна муомилот бо Бонки марказии Русияро манъ кард.
Владмир Путин, раисҷумҳури Русия 24-уми феврал аз оғози баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Укроин хабар дод, ки ҷониби Укроин инро ҳамла ва ҷанг Русия бо Укроин унвон карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста