Нашрияи "The New York Times" дар як матлаб навиштааст, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин пас аз чанд рӯзи истогарияш дар муқобили ҳамлаи Русия ба ин кишвар, миёни бархе аз афғонҳо ба як қаҳрамон табдил шудааст.
Ин нашрия навиштааст, ки "Зеленский барои бисёре аз афғонҳое, ки эҳсос мекунанд тавассути Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури худашон дар моҳи август, замоне, ки "Толибон" Кобулро муҳосира карданд, танҳо раҳо шуданд ва ғ ба Аврупо фирор кард, ба як қаҳрамон табдил шудааст".
Ба навиштаи ин нашрия, ҷаноби Зеленский баъд аз ин ки неруҳои Русия ба Укроин дохил шуданд, дар кишвараш монд ва чандин муроҷиатҳои видеоии таҳрикдиҳандае нашр кард, ки дар яке аз онҳо ӯ ҳамроҳ бо мушовиринаш дар пеши қасри раёсатҷумҳурӣ буд. "Афғонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо ва видеоҳое аз ин роҳбари Укроинро, ки дар тан либоси низомӣ дорад, нашр карда ӯро ситоиш кардаанд ва бо раисҷумҳури фирории худ муқоиса кардаанд",-менависад нашрия.
«Ду қаҳрамон», - навиштааст узви пешини порлумони Афғонистон Ориф Раҳмонӣ дар ду аксе, ки аз Зеленский ва Ғанӣ дар дар Twitter нашр кардааст. «Яке қаҳрамони ҷанг ва ватандӯстӣ ва дигаре қаҳрамони фирор ва хиёнат».
Ғанӣ дар пайи суқути Кобул аввал ба Ӯзбекистон ва сипас ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор кард, ки ҳоло ҳам он ҷо зиндагӣ мекунад.
Ӯ баъдан дар як мусоҳиба Би-Би-Си гуфт барои он фирор кард, ки аз хунрезӣ ва варон шудани пойтахт ҷилавгирӣ кунад. "Ман маҷбур шудам худамро қурбон кунам то Кобулро наҷот диҳам", гуфта буд ӯ.
Вале ба навиштаи "The New York Times" ин худсафедкуниҳои ӯ бисёре аз афғонҳоро қонеъ накард, ки ӯро дар хиёнат ба миллате, ки ба унвони раисҷумҳур 7 сол раҳбарашон буд, муттаҳам кард.
"Зеленскийро барои мардонагие, ки бо мардумаш монд ва алайҳи ҳамлаи Русия мубориза мекунад, бояд ситоиш кард",- навиштааст дар Twitter Амин Сайқал, нависандаи афғони муқими Австралия. "Ӯ он кореро, ки раисҷумҳури собиқ Ашрафғанӣ: то расидани толибон ба Кобул аз кишвар фирор кард, накард".
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста