Ҳудуди 160 барандаи ҷоизаи Нобел бо ирсоли як номаи саркушода ба ҳукумати Русия хостори бозпас кашидани неруҳои ин кишвар аз Украина шуданд. Ин нома дар сомонаи расмии “Nobel Campaigns” нашр шудааст.

Дар миёни ин ҳама барандаи ҷоизаи Нобел, ки зери ин нома имзо гузоштаанд, танҳо як зодаи Русия - физикдон Андрей Гейм аст, ки дар хориҷи ин кишвар зиндагӣ мекунад. Дар миёни имзокунандагони ин нома барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел аз Русия Михаил Горбачев ва сардабири нашрияи "Новая газета" Дмитрий Муратов, ки соли гузашта ин ҷоизаро ба даст оварда буд, нестанд.

Дар нома аз ҷумла омадааст, тавре, ки соли 1939 Олмони фашистӣ ба Лаҳистон (бо чунин найрангҳо ва иғвоҳои қалбакӣ) ва соли 1941 ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карда буд, ҳукумати Федератсияи Русия бо роҳбарии президент Путин ба таҷовузи ҳарбии беасос - ҷуз ҷанг чизи дигаре не - ба муқобили давлати ҳамсоя — Украина оғоз кард. Дар ин ҷо мо суханони худро бодиққат интихоб мекунем, зеро боварй надорем, ки халқи рус дар ин таҷовуз нақши калон дошта бошанд.

Муаллифони нома гуфтаанд, ки ҷанг ва инкор кардани Путин дар бораи қонунияти мавҷудияти Украинаро маҳкум мекунанд.

- Ҳамлаи Русия обрӯи байналмилалии Русияро барои даҳсолаҳои оянда резонд. Вай садди роҳи тараққиёти иқтисодии он ва манбаи душвориҳои мардуми он мегардад. Таҳримҳои ҷорӣ озодии ҳаракати русҳои боистеъдод ва заҳматкаш дар саросари ҷаҳонро маҳдуд мекунад. Чаро байни Русия ва ҷаҳон девор месозед?,- пурсидаанд ҷоизадорони Нобел

Муроҷиатномаро беш аз 160 барандаи ҷоизаи Нобел дар ҳама соҳаҳо имзо кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.