Дар вилояти Брести Белорус даври дувуми гуфтугӯҳои Русияву Укроин ба поён расид. Дар поёни гуфтугӯ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои берун овардани сокинони осоишта долон таъсис медиҳанд.

Михаил Подоляк, ёвари раиси дастгоҳи президенти Укроин гуфт, кишвараш дар ин мулоқот ба натиҷаҳое даст наёфт, ки умедворашон буд. Ҷонибҳо барои даври севуми гуфтугӯҳо созиш карданд.

Пеш аз мулоқот дар "Беловежская пуща" Киев гуфт, ки ҳадафи асосӣ - оташбаси фаврӣ, сулҳ ва боз кардани долон аст.

Владимир Мединский, ёвари президенти Русия низ гуфт, ки бояд барои берун овардани сокинони осоишта аз маҳалли ҷанг долон таъсис шавад.

Владимир Путин, президенти Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, амалиёти низомӣ дар ҳар сурат бояд ба ҳадаф расад.

Макрон баъди ин суҳбат гуфт, ки Путин тасмим дорад, ҳамаи Укроинро ғасб кунад ва мунтазир аст, ки дунё шартҳои ӯро иҷро мекунад.

Мулоқоти аввали ҳайатҳои ду кишвар рӯзи 28 феврал баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.